Трамп аз “пешрафти зиёд” дар музокироти Амрико ва Эрон хабар дод
Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Амрико ҳашт ширкати молиявии Канадаро ба далели анҷоми муомилот бо Эрон таҳрим кард
Вазорати молияи Амрико эълон кардааст, ки ҳашт ширкати хидматрасонии молиявии мустақар дар Канадаро, ки ба гуфтаи ин вазоратхона, муомилот бо ниҳодҳои таҳримшудаи Эронро осон кардаанд, таҳрим кардааст.
“Ройтерз” субҳи рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, гузориш додааст, ки ин ширкатҳои молиявии Канада аз ҷониби Амрико ба осон кардани муомилоти молиявии Эрон муттаҳам шудаанд.
Бар асоси гузориш, ин таҳримҳо амалан иртиботи ширкатҳои мазкурро бо низоми молиявии бар пояи доллар қатъ карда, ҳамаи дороиҳоеро, ки ин ширкатҳо эҳтимолан дар Иёлоти Муттаҳида доранд, масдуд мекунанд ва ҳар гуна муомилот бо шахсони воқеӣ ё ниҳодҳои амрикоиро манъ месозанд.
Бо ин ҳол, ин таҳримҳо охирин иқдомҳои Вазорати молияи Амрико алайҳи ширкатҳои берун аз Иёлоти Муттаҳида мебошанд, ки ба гуфтаи ин вазоратхона, ба Эрон барои давр задани таҳримҳои Амрико кумак мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Вашингтон ҳамчунон фишор бар Теҳронро идома медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо