Трамп аз “пешрафти зиёд” дар музокироти Амрико ва Эрон хабар дод
Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Трамп аз “пешрафти зиёд” дар музокироти Амрико ва Эрон хабар дод
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки Вашингтон дар робита ба Эрон “пешрафти зиёде” ба даст овардааст ва Теҳрон хостори расидан ба созиш мебошад.
“Ал-Ҷазира” субҳи рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, гузориш додааст, ки Трамп ин мавзуъро дар суҳбат бо хабарнигорон баён кардааст.
Бар асоси гузориш, раиси ҷумҳури Амрико иддао кардааст, ки неруҳои амрикоӣ ахиран як низоми дифои ҳавоии Эронро нобуд кардаанд.
Трамп иддао кардааст: “Мо ҳоло бо онҳо дар ҳоли ҳамкорӣ ҳастем. Онҳо мехоҳанд ба созиш бирасанд”.
Трамп ҳамчунин, истифодаи вожаи “ҷанг”-ро барои тавсифи ин рӯёрӯӣ рад карда ва гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида алайҳи Теҳрон он чизеро, ки “бузургтарин муҳосира дар таърихи низомӣ” номидааст, ҷорӣ кардааст.
Ӯ бо баёни ин ки “мо дар ҳоли ҷанг нестем”, вазъи кунуниро аз ҷанги миёни Русия ва Украина фарқкунанда дониста ва иддао кардааст, ки дар ҳафт моҳи гузашта ҳеч яке аз неруҳои амрикоӣ кушта нашудаанд.
Бо вуҷуди ин, Трамп тасдиқ кардааст, ки неруҳои амрикоӣ ба иқдомоте даст задаанд, ки ӯ онҳоро “ҳамлаҳои ҷузъӣ” ба таҷҳизоти низомии Эрон тавсиф мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Амрико ҳашт ширкати молиявии Канадаро ба далели анҷоми муомилот бо Эрон таҳрим кард