Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Толибон 650 навъи асбоби мусиқиро дар Хӯст оташ задаанд
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҷанг бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эоон ва ҳамкории Вашингтон бо Исроил омилҳои асосии шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико аст.
Муовини Трамп бо ишора ба раванди интихоботи миёндавраии ИМА иддао кард, бо вуҷуди ин шикаст ҷанг “арзиши онро дошт”.
Ҷей Ди Вэнс дар вокуниш ба натиҷаҳои интихобот гуфт, ки ҷанг сабаби шикасти ҷумҳурихоҳон шудааст. Тибқи гуфтаи ӯ, Доналд Трамп низ шаби қабл ба ҳамин масъала ишора кардааст.
Бар асоси гуфтаи муовини Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шумори интихобкунандагоне, ки соли 2024 аз ҷониби Трамп пуштибонӣ карда буданд, дар интихоботи соли 2026 ба ҷонибдории демократҳо раъй додаанд.
Ҷей Ди Вэнс гуфт, норозигии ин интихобкунандагон аз чанд масъала, аз ҷумла идомаи ҷанг, афзоиши хароҷоти зиндагӣ ва ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Исроил сарчашма мегирад.
“Ҳама медонанд, ки чаро шикаст хӯрдем. Ҳар гуна баҳси самимӣ дар хусуси роҳи ояндаи мо бояд аз ҳамин нуқта оғоз шавад”- таъкид кард Ҷей Ди Вэнс.
Ҷей Ди Вэнс ҳамчунин, гуфт, интихобкунандагоне, ки пуштибонии худро аз ҷумҳурихоҳон бозпас гирифтаанд метавонанд дубора ба ин ҳизб рӯ оваранд. Тибқи гуфтаи ӯ, ин дар сурате имконпазир аст, ки ҷанг бо Эрон хотима ёбад, сиёсати “аввал Амрико амалӣ шавад ва ҳамкориҳои Вашингтон бо Исроил тағйир дода шавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард