7 Ноябр 2026,
шанбе, 10:01, Душанбе
07.11.2026 07:23

Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд

Мелисса Флеминг, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури равобити ҷаҳонӣ, хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарон дар Афғонистон шудааст.

Ин мақоми Созмони Милали Муттаҳид шоми ҷумъа, 6-уми ноябр дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки беш аз нисфи кӯдакони синни мактаби ибтидоӣ дар Афғонистон аз таҳсили расмӣ дур мондаанд.

Ӯ гуфтааст, ки айни ҳол 2,6 миллион духтари боло аз синфи ҳафтум аз таҳсил маҳрум шудаанд.

Флеминг бо ишора ба вазъи таҳсили духтарон дар Афғонистон ҳушдор додааст, ки бидуни иқдоми фаврӣ як насли комил аз корвони пешрафт ақиб хоҳад монд.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи террористии Толибон дар панҷ соли гузашта таҳсили духтарон, таҳсилоти олии занон ва шуғли онҳоро дар бахшҳои ҷамъиятӣ маҳдуд ва мамнуъ кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.11.2026 08:32

Амрико ҳашт ширкати молиявии Канадаро ба далели анҷоми муомилот бо Эрон таҳрим кард

Вазорати молияи Амрико эълон кардааст, ки ҳашт ширкати хидматрасонии молиявии мустақар дар Канадаро, ки ба гуфтаи ин вазоратхона, муомилот бо ниҳодҳои таҳримшудаи Эронро осон кардаанд, таҳрим кардааст.
07.11.2026 07:23

Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд

Мелисса Флеминг, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури равобити ҷаҳонӣ, хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарон дар Афғонистон шудааст.
05.11.2026 17:27

Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои оғози амалиёти низомӣ дар Баҳри Сиёҳ боиси афзоиши танишҳо мешавад. Русия ҳушдор дод, ки чунин иқдом метавонад боиси ноамнии бештар дар минтақа шавад.
05.11.2026 17:18

Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст

Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҷанг бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эоон ва ҳамкории Вашингтон бо Исроил омилҳои асосии шикасти Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии Амрико аст.
05.11.2026 17:12

Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд

Семён Григорев, cафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф барои нигоҳ доштани робитаҳои наздик ва ҳампаймонӣ дар оянда замина фароҳам мекунанд.
05.11.2026 14:58

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард

Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия Алишер Домуллоҷоновро ба рӯйхати таҳримҳои марбут ба Эрон ворид кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ӯро ба дастгирии шабакаи интиқоли нафти Эрон муттаҳам мекунад.
05.11.2026 14:00

Рустами Эмомалӣ дар Бухоро мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кард

Имрӯз, 5-уми ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро сафар кард.
05.11.2026 12:01

Пешвои миллат бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд

Имрӯз, 5-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
05.11.2026 11:58

Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?

Сафари дуюми Аҳмад аш-Шаръа (Абумуҳаммад ал-Ҷавлонӣ) ба Арабистони Саудӣ дар камтар аз як моҳ, имзои даҳҳо созишнома ва тавофуқи ҳамкории дифоӣ миёни Риёзу Димишқ пурсишҳои наверо дар бораи ҳадафҳои воқеии ин ҳамкорӣ ба миён овардааст. Оё пуштибонии молии Саудӣ аз мақомоти имрӯзаи Сурия метавонад дар иваз бо иштироки ҷанговарони сурӣ дар муноқишаи Яман ҳамроҳ бошад?
05.11.2026 11:04

Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мегӯяд, забони русӣ ва мардуми рус дар ташаккули давлатдории Русия нақши асосӣ доранд ва забони русӣ кафили ҳифзу рушди дигар халқҳои ин кишвар мебошад.
05.11.2026 10:53

Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд

Фуррах Ҳамрализода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, таъмини амнияти Авруосиё бидуни ҳамкории муштараки кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ имконнопазир мебошад.