Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Толибон 650 навъи асбоби мусиқиро дар Хӯст оташ задаанд
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои оғози амалиёти низомӣ дар Баҳри Сиёҳ боиси афзоиши танишҳо мешавад. Русия ҳушдор дод, ки чунин иқдом метавонад боиси ноамнии бештар дар минтақа шавад.
Владислав Масленников, мудири Раёсати масоили Аврупо дар Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки талошҳои парлумони Аврупо барои роҳандозии як ҳайати низомӣ дар Баҳри Сиёҳ ба таъмини Киев бо силоҳ ва афзоиши танишҳо равона шудаанд.
Владислав Масленников дар суҳбат бо рӯзномаи “Известия” гуфт, ки татбиқи чунин лоиҳа метавонад боиси шиддат гирифтани танишҳо ва афзоиши ноамнӣ дар саросари минтақаи Баҳри Сиёҳ шавад.
Ин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо интиқод намуда, афзуд, ки ин маҳдудиятҳо ба пешниҳоди хизматрасониҳои суғуртавӣ ба киштиҳо монеъ мешаванд.
Парлумони Иттиҳоди Аврупо қабл аз ин, рӯзи 22-юми октябр қатъномаеро қабул карда буд, ки бар асоси он оғози амалиёт ва ҷойгир кардани қувваҳои низомӣ дар Баҳри Сиёҳ баррасӣ шуд.
Вакилони парлумони Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин, аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд, ки дар ҳамкорӣ бо НАТО ба Булғористон ва Руминия барои сари вақт ошкор ва пайгирӣ кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки ба киштиронӣ дар Баҳри Сиёҳ таҳдид мекунанд, кумак расонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард