Таксиҳои 10-сомона. Дар ду рӯз 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ ошкор шуд
Вазорати тандурустӣ бо Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ иҷрои лоиҳаи “воҳидҳои мобилии тиббӣ”-ро баррасӣ кард
Ба 170 тарбиятгирандаи мактаб-интернати Истаравшан туҳфаҳои Президенти кишвар расид
Агентии обуҳавошиносӣ: “Се рӯзи оянда омадани сел пешгӯӣ мешавад”
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ ба оилаи афсари ҳалокшудаи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки дастгирии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус наздикони онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҷоннисорӣ намудаанд, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Манбаъ меафзояд, ки афсари Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Бегматов Темурмалик Ҷумаевич моҳи январи соли 2026 ҳангоми адои хизмат ва иҷрои вазифаи ҳарбӣ дар ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари ҳамлаи сарҳадшиканон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбар ба ҳалокат расид.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди манзили истиқоматӣ 205 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар натиҷа хонаи наву замонавӣ бунёд карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид