1 Июл 2025,
сешанбе, 02:37, Душанбе
12.03.2025 10:29

Фоҷеа дар вақти сабти клипи Озода Нурсаидова. Мошин духтарро пахш кард

Дар ҷараёни сабти намоҳанги нави Озода Нурсаидова мошини тамғаи Mercedes-Benz ба Сабрина Ҷабборова, духтаре, ки дар клип нақш меофарид, бархӯрда, ӯро маъюб кардааст. Ҳодиса рӯзи 7-уми ноябри соли 2024 дар вақти сабти клипи “Дилбарам” рӯй додааст.

Дар ҷараёни сабти клип Севинч Маъруфова, ки мошини тамғаи Mercedes-Benz-ро идора мекард, уҳдаи идора кардани мошинро аз даст дода, Сабрина Ҷаббороваро ду маротиба пахш кардааст.

“Чархи пеши мошин комилан аз болои ӯ гузашта, чархи қафо низ дар рӯйи духтар тоб хӯрдааст”- менависанд расонаҳои Ӯзбекистон.

Ба Сабрина Ҷабборова, дар давоми як соат кумаки аввалияи тиббӣ расонида намешавад, ки дар натиҷа ӯ 3 литр хуни баданашро аз даст медиҳад. Баъдан, ӯро ба беморхона мебаранд ва табибон ҷарроҳии нуҳсоата мегузаронанд.

Сабрина Ҷабборова гуфтааст, табибон дар вақти ҷарроҳӣ устухони косашро нодуруст пайванд кардаанд, ки дар натиҷа пойи чапаш аз пойи росташ 7 сантиметр дарозтар аст. Ин ҷарроҳӣ ҷабрдидаро дар вазъияти маъюбӣ қарор додааст. Сабрина Ҷабборова гуфтааст: “Табибон инро фавран ба ман нагуфтанд. Танҳо пас аз се моҳ маълум шуд, ки устухонҳоям нодуруст пайванд шудаанд ва ҳоло пойи чапам 7 см дарозтар аст. Барои ислоҳи ин мушкил, устухони косамро боз шикаста, дубора пайванд мекунанд. Табибон гуфтаанд, ки чунин ҳолат дар 0,5-1% мавридҳо рӯй медиҳад. Дар бештари ҳолатҳо одамон дар чунин садамаҳо ҷон медиҳанд, вале ман зинда мондам”.

Дилмурод Сатторов, продюсери Озода Нурсаидова гуфтааст, ки гурӯҳи ӯ дар ташкили сабти намоҳанги “Дилбарам”, ки ҳодисаи нохуш рӯй додааст, иштирок надоштанд. Дилмурод Сатторов дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст: “Мо наворбардории клипро ба коргардон ва дастаи ӯ супоридем. Вақте аз ҳодиса хабардор шудем, якҷо бо Озода ба маҳалли ҳодиса расидем. Дар ҷойи воқеа табибони ёрии таъҷилӣ аллакай ҳузур доштанд. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ расид ва ман шахсан ҷабрдидаро ба беморхона ҳамроҳӣ кардам.”

Дилмурод Сатторов ҳамчунин, таъкид кардааст, ки ҳамон рӯз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст ва ҳоло тафтишот идома дорад.

“Озода гиря мекард, зеро аз вазъияте, ки духтар ба он гирифтор шуд, сахт андуҳгин буд. Ӯ талош мекард, ки аз нигоҳи инсондӯстӣ ба ӯ кумак расонад. Аз замони ҳодиса се моҳ гузашт ва дар ин муддат мо ҳар моҳ барои хароҷоташ 500 доллар ҷудо мекардем: барои доруҳо ва дигар ниёзҳо. Ҳамчунин, иҷораи манзилро низ пардохт мекардем. Тамоми ин хароҷотро Озода пардохт мекард” –  таъкид мекунад Дилмурод Сатторов.

Озода Нурсаидова, сароянда, оҳангсоз, продюсер ва муллифи лоиҳаҳои гуногуни мусиқӣ мебошад. Намоҳанги ӯ бо номи “Жигулии кабуд” дар Ютуб 408 миллион бинанда доштааст. Озода Нурсаидова дар Тоҷикистон низ чанд маротиба консерт баргузор намуда аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.06.2025 17:18

“Тоҷикстандарт” бо “Росстандарт” дар соҳаи стандартизатсия ва метрология созишномаи ҳамкорӣ имзо кард

Дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дар доираи ҷаласаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон ва Русия нақшаи сесолаи рушди ҳамкориҳо дар бахши стандартизатсия ва метрологияро ба имзо расониданд.
30.06.2025 16:54

Ҷавоб ба се саволи муҳим. Аз талаботи бозори меҳнат то касбҳои ояндадору дарозумр

Аз 1-ум то 8-уми июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад.
30.06.2025 14:58

“CASA-1000”. Тоҷикистон дар меҳвари лоиҳаи бузурги минтақавӣ

Дар ҳоле, ки ҷаҳон рӯ ба сарчашмаҳои тоза ва барқароршавандаи энержӣ меорад, Тоҷикистон бо лоиҳаи роҳбурдии “CASA-1000” мавқеи худро ба ҳайси як кишвари муҳимми содиркунандаи энергияи сабз дар минтақаи Осиё тақвият мебахшад. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ таҳти унвони “Дурнамои рушди энергияи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ дар панели махсус лоиҳаи “CASA-1000”-ро чун намунаи барҷастаи ҳамгироии энергетикии минтақавӣ арзёбӣ намудаанд.
30.06.2025 14:56

Медали тилло аз Қирғизистон. Хонандаи тоҷик ғолиби озмуни байналмилалии шоҳмот шуд

Бинобар иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Восколович Богдан, хонандаи синфи 8-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати пойтахт дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот - “Issyk-Kul Open - 2025” иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.
30.06.2025 11:32

Дар Русия барномаи мобилии хизматрасонии “ruID” барои муҳоҷирон бо забони тоҷикӣ фаъол шуд

Дар Федератсияи Русия барномаи инноватсионии мобилии “ruID” ба фаъолият оғоз кард, ки он сӯйи Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии ин кишвар омода шудааст.
30.06.2025 11:15

Номзади шаҳри Ню-Йорк шудани як мусулмон хушунати исломситезонаро дар Амрико афзоиш додааст

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Амрико мегӯянд, ки баъди номзади интихоботи шаҳрдорӣ шудани Заҳрон Мамдании мусалмон фақат дар як рӯз тақрибан 6, 200 паёмҳои онлайнии дорои таҳқир ва хушунати исломситезонаро сабт кардаанд.
30.06.2025 08:58

Бадахшон маркази субот, шукуфоӣ ва имкониятҳои нави иқтисод. Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои лоиҳаҳои бузург ва нақшаи нав хабар дод

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд, ки вилоят ба марҳилаи нави шукуфоӣ ворид шудааст ва бо иҷрои садҳо лоиҳаи муҳим зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.