Ҷӯра Ҳошимӣ, адиби кӯдакону наврасон дар 78-солагӣ даргузашт
Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?
Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалии рақс доир шуд
Таҳти унвони “Рақс моро муттаҳид мекунад” шоми 12-уми ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдава фестивали рақс баргузор гардид.
Дар Фестивал ансамбилҳои рақсии кишварҳои номбурда ва мақомоти марбута иштирок намуданд.
Фестивал бо барномаи “Нақорабазм”-и ансамбили рақсии “Зебо” баргузор гардид.
Дар анҷоми қисмати расмӣ дастаҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Навои Бадахшон”, “Базморо”, “Парасту”, “Чаман”, “Лола” ва дастаҳои рақсии вилояти Суғду Хатлон навъҳои мухталифи рақси миллӣ, аз ҷумла “Зарафшон”, “Рақси табақ”, “Рапо”, “Рақс бо қошуқ” – ро иҷро намуданд.
Дастаҳои рақсии “Баҳор”-и Ӯзбекистон, “Салтанат” аз Қазоқистон, “Берёзка” аз Русия ва “Флуйешраш” аз Молдава рақсҳои миллии худро иҷро намуданд.
Бар асоси иттилои Мирзоолим Саидов, Сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали рақс бори дувум аст, ки баргузор мегардад. Ӯ таъкид мекунад, ки “Баргузории фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид мекунад” барои табодули таҷрибаи гурӯҳҳои ҳунарии рақсии кишварҳо муҳим буда, баҳри муаррифии рақси миллии тоҷикӣ мусоидат менамояд”.
Ансамбили рақсии “Зебо” бо иҷрои барномаи рақсӣ зери оҳанги “Эй санам” фестивалро ҳусни анҷом бахшид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард