Рустами Эмомалӣ дар Бухоро мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кард
Пешвои миллат бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд
Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд
Рустами Эмомалӣ бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардид
Рустами Эмомалӣ дар Бухоро мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кард
Имрӯз, 5-уми ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро сафар кард.
Тавре ки иттилоъ дода мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро Рустами Эмомалиро муовини якуми раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон, ҳокими вилояти Бухоро, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуд. Аз ҷумла раиси шаҳри Душанбе дар шаҳри Бухоро мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кард.
Хадамоти матбуоти раиси шаҳр навиштааст, ки пас аз анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки ду рӯз идома ёфт, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард