Толибон 650 навъи асбоби мусиқиро дар Хӯст оташ задаанд
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард
Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Толибон 650 навъи асбоби мусиқиро дар Хӯст оташ задаанд
Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки намояндагони Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункари гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Хӯст садҳо асбоби мусиқиро, ки аз тӯйҳои хонадоршавӣ ҷамъоварӣ карда буданд, оташ задаанд.
Мустаъфар Гурбаз, сухангӯи волии Толибон дар Хӯст, рӯзи чоршанбе, 4-уми ноябр сӯзондани 650 навъи асбоби мусиқӣ аз ҷониби намояндагони ин идораро тасдиқ кардааст.
Ин асбобҳо зимни амалиётҳои гуногун аз марказ ва ноҳияҳои вилояти Хӯсти Афғонистон мусодира шудаанд.
Толибон пас аз бозгашти дубора ба қудрат дар Афғонистон, маҳдудиятҳои густурдаеро бар фаъолияти фарҳангӣ ва ҳунарӣ, бахусус мусиқӣ ҷорӣ кардаанд.
Ин гурӯҳ пахши мусиқиро дар расонаҳо ва истифодаи онро дар маҳфилҳо маҳдуд карда, борҳо асбобҳои мусиқиро дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон ҷамъоварӣ ва нобуд кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад