Ба 170 тарбиятгирандаи мактаб-интернати Истаравшан туҳфаҳои Президенти кишвар расид
Агентии обуҳавошиносӣ: “Се рӯзи оянда омадани сел пешгӯӣ мешавад”
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Вазорати тандурустӣ бо Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ иҷрои лоиҳаи “воҳидҳои мобилии тиббӣ”-ро баррасӣ кард
Дар Душанбе вохӯрии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ бо ҳайати Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ таҳти роҳбарии директори иҷроияи барномаи мазкур доктор Абдулазиз ибни Фаҳд Ал-Ангари вохӯрӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, дар вохурӣ ҷонибҳо доир ба иҷрои лоиҳаи “воҳидҳои мобилии тиббӣ” гуфтугӯ карданд.
Афзуда мешавад, ки лоиҳаи “воҳидҳои мобилии тиббӣ” ба беҳтарсозии дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар нигаронида шуда, он аз ҷониби Барномаи кӯмакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ дар доираи Бонки исломии рушд маблағгузорӣ гардида, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки исломии рушд амалӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад