Толибон 650 навъи асбоби мусиқиро дар Хӯст оташ задаанд
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард
Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мегӯяд, забони русӣ ва мардуми рус дар ташаккули давлатдории Русия нақши асосӣ доранд ва забони русӣ кафили ҳифзу рушди дигар халқҳои ин кишвар мебошад.
Президенти Русия дар ин бора рӯзи 4-уми ноябр дар ҷараёни суханронӣ дар нишасти пленарии Ҳафтаи байналмилалии “Халқҳои Русия” изҳори назар кард.
Тибқи иттилои “Интерфакс” Владимир Путин гуфт, ки дастгирии фарҳанг ва забони русӣ барои Русия аҳаммияти стратегӣ дорад. Ба таъкиди ӯ, гуногунрангии фарҳангҳо, суннатҳо ва расму оинҳои халқҳои кишвар бояд ҳифз ва тақвият дода шавад.
“Забони русӣ ва мардуми рус асосе буданд ва боқӣ мемонанд, ки давлатдории Русия бар он шакл гирифтааст. Онҳо бо рисолати муттаҳидкунанда ва созандаи худ кафили ҳифз ва рушди ҳамаи халқҳои дигари Русия, инчунин, ҳифзи озодиву ҳувияти хоси онҳо дар ҳамоҳангӣ бо ваҳдат мебошанд” - таъкид кард Владимир Путин.
Президенти Русия гуфт, ки ризоият, эҳтироми мутақобила ва ваҳдати байни халқҳои ин кишвар пояи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Русияро ташкил медиҳанд. Ӯ таъкид намуд, ки ғамхорӣ дар бораи ҳифзи фарҳанг, расму оин ва забони ҳар як халқ бояд асоси сиёсати миллии давлат бошад.
Владимир Путин гуфт, ки таърихи Русия натиҷаҳои ҳамкории тӯлонии халқҳо, қавмҳо ва забонҳои мухталиф буда, фарҳангҳои онҳо дар тӯли садсолаҳо бо ҳам омезиш ёфтаанд.
“Мо танҳо дар тӯли асрҳо ва давраҳои таърихӣ муттаҳид нашудаем. Бе муболиға метавон гуфт, ки фарҳангҳои мо ба ҳам реша давондаанд”- таъкид намуд Владимир Путин.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад