4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:09, Душанбе
11.11.2024 10:13

Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор мешавад

Дар Қасри варзиши Шаҳри Хуҷанд аз 10 то 13 ноябри соли 2024 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни иштирокчиени калонсол баргузор мегардад. 

Чорабинӣ аз ҷониби мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти ҷумҳурии тоҷикистон ташкил карда шудааст. 

Дар ин мусобиқа беш аз 100 муштзан аз Минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ширкат мекунанд, то Барои Ҷоми Президенти ҷумҳурии тоҷикистон мубориза баранд. 

Мусобиқа бо маросими ҷоизасупории ғолибон, ки 13 ноябр соати 14:00 баргузор мешавад, ба анҷом мерасад. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо