Иштирок ва суханронии Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД
Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”
Ба чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи сиёсати аграрӣ» тағйироту иловаҳо ворид гардид
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон бинои факултети забон ва адабиёти русро ифтитоҳ намуданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бинои таълимии навсохти факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айниро ифтитоҳ намуданд.
Бинои навбунёд тибқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ бо усули муосир сохта шуда, барои боло бурдани сифати таълим мусоид аст.
Бинои навбунёди таълимӣ 5 ошёна буда, дар он 1100 донишҷӯ метавонанд таҳсил кунанд.
Бино аз 8 ҳуҷраи корӣ, 14 синфхона, кабинети лингафонӣ, маркази қабули имтиҳонҳо, толори фарҳангӣ, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишта: “Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, забон ва адабиёти рус – забони англисӣ ва забони муосири рус – тарҷумон дар сатҳи баланди касбӣ омода карда мешаванд, зеро ҳадафи аслии таъсиси ин бинои таълимӣ амалишавии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ барои давраи то соли 2030” ба шумор меравад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд