16 Ноябр 2026,
душанбе, 16:38, Душанбе
24.10.2024 14:26

Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон мулоқот кард

24-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Қазон дар доираи саммити "БРИКС+" Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар доданд. 

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки масъалаҳои ҳамкорӣ бо минтақаҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла Тотористон ҳамеша дар доираи шарикии стратегӣ бо Русия дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. 

Айни замон, Тотористон дар гардиши мол байни Тоҷикистон ва Русия беш аз 50 миллион доллар саҳм гузоштааст. Таъкид гардид, ки ин нишондиҳанда метавонад бо назардошти имкониятҳои мавҷуда зиёд карда шавад. 

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Тотористонро баррасӣ намуда, ба рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, металлургия, истихроҷи маъдан, нафту газ, кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. 

Қарор шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, сайеёҳӣ, инчунин, дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои таълимӣ тақвият дода шавад.  

Илова бар ин, ҷонибҳо дар масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муколамаи созанда анҷом доданд. 

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

16.11.2026 13:48

Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?

Қарор аст раҳбарони Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин ҳафтаи оянда дар шаҳри Шэнҷени Чин мулоқот кунанд. Ин нишаст, ки метавонад ба яке аз рӯйдодҳои муҳимми дипломатии солҳои охир табдил ёбад, дар ҳоле баргузор мешавад, ки се кишвар дар мавриди масъалаҳои калидии байналмилалӣ мавқеъҳои гуногун доранд.
16.11.2026 13:40

Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид

Имрӯз, 16-уми ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо намояндагони Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумии Санта-Фе вохӯрӣ намуд.
16.11.2026 13:37

Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад

Вазирони корҳои хориҷии Австралия, Канада, Британияи Кабир ва Италия дар як изҳороти муштарак аз Исроил даъват карданд, ки барои ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза иҷозат диҳад.
16.11.2026 10:13

Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад

Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки агар Иттиҳоди Аврупо барои расидан ба созиши сулҳ дар масъалаи Украина омодагӣ надошта бошад, Русия метавонад барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз неруи низомӣ истифода кунад.
14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.