Айзенкот: “Бо будани Нетаняҳу баргузории интихоботи озод имкон надорад”
Зеленский: “55 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардем”
Таҳдид ба куштан. Боздошти ҷавоне, ки модарашро азият медод
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки агар Иттиҳоди Аврупо барои расидан ба созиши сулҳ дар масъалаи Украина омодагӣ надошта бошад, Русия метавонад барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз неруи низомӣ истифода кунад.
Тибқи иттилои “РТ” Дмитрий Песков дар ин бора дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд, ки мавқеи кишварҳои аврупоӣ дар масъалаи ҳалли ҷанг метавонад ба раванди музокира таъсир расонад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ мавқеи раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйенро дар бораи зарурати барқарор кардани оташбаси пойдор дар Украина пеш аз оғози музокирот оид ба сохтори амниятии Аврупо танқид кардааст. Ӯ ин равишро “роҳи комилан сарбаста” номидааст.
Ба гуфтаи Сергей Лавров чунин мавқеъ метавонад ба ҳукумати Украина имкон диҳад, ки иқтидори низомии худро аз нав барқарор кунад. Ӯ таъкид кардааст, ки Маскав бо оташбасе, ки ба ин ҳадаф мусоидат мекунад, розӣ нахоҳад шуд.
Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин, гуфтааст, ки аз нигоҳи Маскав, аввал бояд дар бораи чорчӯби амниятии оянда ва кафолатҳои он ба мувофиқа расид ва баъдан масъалаи ҳалли низои Украинаро баррасӣ кард.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки талошҳои дипломатӣ барои қатъи ҷанг дар Украина идома доранд, аммо миёни Русия ва кишварҳои аврупоӣ дар мавриди тартиби музокирот ва нақши Аврупо ихтилофи назар боқӣ мондааст.
Рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Абузабӣ музокироти сеҷонибаи намояндагони Русия, Украина ва ИМА баргузор шуд. Ин нахустин даври гуфтугӯҳои мустақими се ҷониб дар тақрибан нӯҳ моҳи охир буд. Ҳарчанд баъзе мақомот аз пешрафт дар музокирот хабар доданд, ихтилофҳо дар масъалаи қаламравҳо ва кафолатҳои амниятӣ ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд.
Пас аз ин мулоқотҳо фиристодагони ИМА Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер дар Маскав бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот карданд. Онҳо баъдан дар Дублин бо президенти Украина Владимир Зеленский ва намояндагони кишварҳои аврупоӣ низ гуфтугӯ анҷом доданд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии ин машваратҳо иштироки кишварҳои Аврупо дар даври навбатии музокирот будааст. Ҷаред Кушнер аз мувофиқа барои густариши ҳайати музокиракунандагон бо иштироки намояндагони Аврупо хабар дод. Аммо Кремл изҳор дошт, ки масъалаи иштироки аврупоиҳо дар мулоқоти Путин бо фиристодагони Амрико баррасӣ нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Айзенкот: “Бо будани Нетаняҳу баргузории интихоботи озод имкон надорад”
Вазорати мудофиа: “Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд”
Зеленский: “55 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардем”