16 Ноябр 2026,
душанбе, 12:07, Душанбе
16.11.2026 08:53

Айзенкот: “Бо будани Нетаняҳу баргузории интихоботи озод имкон надорад”

Раҳбари ҳизби “Яшар” ва масъули ташкили ҳукумати Исроил дар бораи идомаи ҳузури Бенямин Нетаняҳу дар қудрат ҳушдор додааст.

Гади Айзенкот, раҳбари ҳизби “Яшар” ва масъули ташкили ҳукумати Исроил, рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки Бенямин Нетаняҳу “таҳдиди воқеӣ, мустақим ва фаврӣ ба демократияи Исроил” мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки пешгирӣ аз идомаи ҳузури Нетаняҳу дар қудрат муҳимтарин масъала дар музокироти кунунии эътилофӣ аст.

Айзенкот афзуд: “Ба ҳеч ваҷҳ набояд иҷозат дод, ки Нетаняҳу ҳатто як дақиқаи дигар дар мақоми раиси ҳукумат боқӣ бимонад”.

Масъули ташкили ҳукумати Исроил ҳамчунин, гуфт, ки ин кишвар набояд бори дигар ба интихобот ворид шавад, дар ҳоле ки Нетаняҳу нахуствазир боқӣ мемонад.

Ӯ дар идома изҳор дошт: “То замоне ки Нетаняҳу дар қудрат боқӣ мемонад, баргузории интихоботи озод ва одилона дар Исроил дигар имконпазир нахоҳад буд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.11.2026 10:13

Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад

Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки агар Иттиҳоди Аврупо барои расидан ба созиши сулҳ дар масъалаи Украина омодагӣ надошта бошад, Русия метавонад барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз неруи низомӣ истифода кунад.
14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.