14 Ноябр 2026,
шанбе, 17:02, Душанбе
14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.

Ҳарчанд гурӯҳи террористии Толибон ин иддаоҳоро бо лабханд рад мекунанд, ёфтаҳои иттилоотӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои исломгарои тундрав аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Чин ва ҳатто Русия дар сафи Толибонанд ва “ҳастаи марказӣ”–и неруҳоеро ташкил медиҳанд, ки  ҳоло гоҳу бегоҳ бар зидди Покистон ва бархе сарчашмаҳои хориҷӣ дар Афғонитсон амалиётҳои низомӣ мегузаронанд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи чанд кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Афғонистон марзҳои муштарак дорад. Дар солҳои 90-уми асри гузашта Афғонистон пойгоҳҳои сиёсӣ ва низомии мухолифони сохти деморкатӣ ва дунявии Тоҷикистон буд. Онҳо дар Афғонистон бар зидди сохти давлати дунявӣ ва демократии тоза ба истиқлолрасида меҷангиданд. Ҳоло шароити геополитикӣ ва сиёсии минтақа тағйир ёфтааст. Мухолифони аҳдшикани тоҷик, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебаранд ва аз ҷониби бисёре аз кишварҳои ҷаҳонӣ низ ба ҳайси гурӯҳи террористӣ эътироф шудаанд, чун манбаъ ва сарчашмаи таҳдиди фаромарзӣ барои Тоҷикистон шинохта шудаанд.

Бо вуҷуди ин ки гурӯҳи Толибон ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Афғонистонро рад мекунанд, воқеиятҳои айнӣ ва ёфтаҳои истихборотӣ нишон медиҳанд, ки ин гурӯҳҳо ба шакли пинҳонӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Мақомоти амниятии Федаратсияи Русия, бо вуҷуди ба расмият шинохтани Толибон ба барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ эътироф мекунанд, ки гурӯҳҳои террористии хоси Осиёи Марказӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Онҳо чун “неруи инсонӣ” яке аз омилҳои хатарофарин барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд.

Ҳафтаи равон дар шаҳри Маскав нишасти роҳбарони Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор шуд ва яке аз масоили баррасишудаи нишасти мазкур масъалаи Афғонистон буд. Тоҷикистон бо қотеият аз кишварҳои узви ин созмон талаб кард, ки барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва муқобила бо таҳдидҳо аз дохили хоки Афғонистон ба Тоҷикистон кумак намоянд.

Ин кумакхоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як чеҳраи бадномшудаи мухолифини тоҷик хуш наомад. Вокуниши тунд ва аз одоби сиёсату дипломатия хориҷи ӯ парда аз рӯи воқеиятҳо бардошт: вокуниши шадиди ҳамроҳ бо таҳқиру туҳмати ӯ нишон дод, ки онҳо аз ҳимоят ва пуштибонии муттаҳидони Тоҷикистон норозиянд. Ӯ аз он бонги изтироб зад, ки СААД ба Тоҷикистон кумакҳои низомӣ мерасонад. Ӯ нохоста парда аз зерматни сиёсатҳои пинҳонии гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷбуда бардошт. Ва, мешавад аз ин мавқеъгирии ӯ, ошкоро фаҳмид, ки онҳо аз гирифтани силоҳу тақвият кардани неруҳои марзбони Тоҷикистон нороҳат мебошанд.

Таҳлилҳои бархе таҳлилгарони рус нишон дод, ки гурӯҳи террористии Толибон ба “ҳеч ваҷҳ” ба аҳд ва қарори худ пойбанд нестанд ва бо ин гурӯҳ “тафоҳум” намудану “амният” харидан ба мисли “гургоштӣ” кардан аст.

Дар пасманзари расонаӣ шудани ин масоил таҳлилгарони ғарбӣ ҳам ҳушдор медиҳанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ба неруҳо ва гурӯҳҳои дохилии худ назорати қавӣ надоранд ва маълум аст, ки таркиби гурӯҳро, чӣ гурӯҳҳое ташкил медиҳанд. Идеологияи занситезу зидди ҷомеаи муосири гурӯҳи террористии Толибон бисёре аз ҷавонони ифротии Осиёи Марказиро ба худ ҷалб мекунад ва ин омил яке аз калидитарин нигарониҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар тозатарин иқдом, бар хилофи арзёбиҳои содалавҳонаи бархе коршиносон, Чин аз Русия хост, ки мақоми ба расмият шинохтани Толибонро пас гирад. Дар вокуниши дигар, Чин ошкоро гуфт, ки иҷозаи убуру мурур ба долони иртиботии сохтаи Толибон дар марзи Чину Афғонистон, дар дараи Вахонро намедиҳад. Ин сигнали ошкорои Чин бархе муттаҳидони ин кишварро ба андеша водор мекунад, зеро Чин дар қатори сарозер намудани сармоя ба Осиёи Марказӣ, дар тақвияти ин минтақа низ саҳм дорад.

Афғонистон ҳамеша манбаи таҳдид боқӣ мемонад?

Дар солҳои охир роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо гуфта буданд, ки субот дар Афғонистон ба амнияти ҳама кишварҳо робитаи мустақим дорад. Ин мавқеи ягона дар ҳоле баён мешавад, ки роҳбарони Осиёи Марказӣ дар мавриди робита бо ҳукумати террористии Толибон дидгоҳи ягона надоранд.

Бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дипломатии худро дар чочӯби ҳамкориҳои иқтисодӣ бо гурӯҳи Толибон ба роҳ мондаанд. Онҳо бо баҳонаи ҳамкории иқтисодӣ дари гуфтугӯ бо ин гурӯҳро боз кардаанд. Бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин рӯйкард танҳо ба хотири дур нигоҳ доштани минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷанг ё рӯёрӯии мустақим бо гурӯҳи террористии Толибон аст.

Президенти Тоҷикистон аз ҷумлаи он роҳбарони Осиёи Марказӣ буд, ки шарти ҳамкорӣ кардан бо Толибонро ба ташкили ҳукумати фарогир ва мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста кард. Сарвари кишвари Тоҷикистон вазъияти кунунии Афғонистонро омили нигарониҳои амниятӣ медонад. Ӯ ҳушдор медиҳад, ки идомаи нооромӣ дар кишвари Афғонистон метавонад ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ гузорад. Дар пайи ин нигарониҳо Президенти Тоҷикистон аз СААД хост, ки барои тақвияти марз ва муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ чораҳои мушаххас андешида шавад.

Ин мавқеъгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Душанбе дар масъалаи амнияти сарҳади ҷанубии Осиёи Марказӣ бисёр ҷиддӣ муносибат дорад ва намегузорад, ки ба он “рахнаи амниятӣ” сурат гирад.

Тошканду Остона бар хилофи Душанбе бо Толибон “дӯстӣ” мекунанд

Ҷумҳурии Ӯзбекистон бар хилофи Тоҷикистон дар масъалаи ҳамкорӣ бо Толибон мавқеи дигарро ихтиёр кард. Ҳукумати Ӯзбекистон аз даричаи таомул ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ин қазия наздик шуд ва ҳоло робитаҳои иқтисодияшро бо гурӯҳи террористии Толибон ба роҳ мондааст. Тошканд, аз як сӯ, ба зарурати ҳифзи амнияти минтақа таъкид мекунад ва аз ҷониби дигар, мегӯяд дар инзивои иқтисодӣ қарор гирифтани Афғонистон ба манфиати кишварҳои ҳамсояи он нест. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, ки “ҳифзи муколама бо Кобул бо манфиатҳои амниятӣ ва рушди иқтисодии тамоми минтақа мувофиқат мекунад”.

Таҳлилгарон чунин мавқеъгирии Тошкандро “як навъ талоши ҳамзамон барои коҳиш додани таҳдидҳои амниятӣ ва пешигирӣ аз фурӯпошии иқтисодии Афғонистон” тафсир мекунанд. Ӯзбекистон мегӯяд, канор гузоштани Афғонистон аз равандҳои минтақавӣ метавонад мушкилоти амниятиро бештар намояд, зеро фақру бекорӣ ва набудани имкониятҳои иқтисодӣ метавонад заминаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро фароҳам кунад.

Президенти Қазоқистон дар мулоқот бо котибони шуроҳои амниятии кишварҳои узви СҲШ дар соли 2024 гуфт, таҳдидҳои муосир хусусияти фаромарзӣ доранд ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ кишварҳоро водор мекунад, ки бар зидди ин падидаҳо мубориза баранд. Қазоқистон бо гурӯҳи Толибон робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ барқарор кардааст. Меҳвари таомули Қазоқистон бо Толибон иқтисод аст ва аз ин рӯ, метавон гуфт, ки бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ формулаи “таомули иқтисодӣ” ба ҷойи муқобила бо Толибонро пеш гирифтаанд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шарҳи вазъияти Афғонистон гуфта буд, ки амният ва суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба суботи Афғонистон вобастагӣ дорад. Ӯ гуфта буд, “Мавқеи мо ин аст, ки амнияти Осиёи Марказӣ аз суботи Афғонистон ҷудонашаванда мебошад”.

Маскав аз зуҳури гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳушдор медиҳад

Русия, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии худро дорад ва ба шакли мустақилу дар доираи созмонҳои минтақавӣ бо Душанбе робитаҳои сиёсиву низомӣ дорад, вазъияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро яке аз масъалаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ медонад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 15-уми октябри соли 2026 дар нишасти муштараки СААД, ИДМ ва СҲШ оид ба амнияти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҳушдор дод, ки гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳузури қобили таваҷҷуҳ доранд. Ӯ гуфт: “Ба арзёбии мо, ки бар маълумоти истихборотӣ асос ёфтааст, хатари асосӣ аз ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ — вилояти Хуросон” сар мезанад”. Ӯ таъкид кард, баъзе гурӯҳҳо мехоҳанд аз қаламрави Афғонистон барои густариши фаъолияти террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия истифода кунанд.

Ин изҳороти роҳбари дипломатияи Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки Маскав дар моҳи июли соли 2025 ҳукумати Толибонро расман эътироф кард. Ин иқдом Русияро ба аввалин кишваре табдил дод, ки ҳукумати нави Афғонистонро ба таври расмӣ эътироф кардааст. Президенти Русия Владимир Путин қаблан низ аз зарурати нигоҳ доштани робита бо Толибон ҳимоят карда буд. Ӯ 5 –уми декабри соли 2025 дар мусоҳиба бо расонаи ҳиндии “India Today” гуфта буд, ки Толибон вазъро дар Афғонистон назорат мекунанд ва барои таъсир расонидан ба рӯйдодҳои ин кишвар бояд бо роҳбарияти кунунии он дар тамос буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.