Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард
Тоҷикистон аз аъзои СААД барои ҳифзи марзи Афғонистон кумаки бештар талаб кард
Баррасии масъалаҳои гуногун дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Малайзия, мулоқоти ҷонибҳо 13-уми ноябр баргузор шуда, дар он имкониятҳои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Яке аз масъалаҳои асосии мулоқот омодасозӣ ва имзои ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои кишоварзӣ миёни вазоратҳои дахлдори ду кишвар будааст. Ин санад метавонад барои рушди ҳамкориҳои соҳавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак замина фароҳам оварад.
Ҷонибҳо ҳамчунин, табодули таҷриба дар истифодаи технологияҳои муосири обёрӣ, таъмини соҳа бо техникаи кишоварзӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти шириро баррасӣ кардаанд.
Илова бар ин, масъалаи табодули мутахассисон, анҷом додани таҳқиқоти муштарак ва такмили низоми интиқолу нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи самтҳои дигари ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳ будааст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ ва амнияти озуқавории Малайзия, гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ миёни ду кишвар дар соли 2025 ба 4,57 миллион доллар расидааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2024 2,36 миллион долларро ташкил дода, дар як сол беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ҷараёни мулоқот, инчунин, омодагӣ ба сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия, ки рӯзҳои 10–12-уми декабр дар назар аст, баррасӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт