16 Ноябр 2026,
душанбе, 16:38, Душанбе
16.11.2026 13:37

Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад

Вазирони корҳои хориҷии Австралия, Канада, Британияи Кабир ва Италия дар як изҳороти муштарак аз Исроил даъват карданд, ки барои ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза иҷозат диҳад.

Шабакаи телевизионии “Алҷазира” субҳи рӯзи душанбе, 16-уми ноябр, гузориш дод, ки вазирони корҳои хориҷии ин чаҳор кишвар хостори таъмини дастрасии фаврӣ ва бидуни мамониат ба кумакҳои башардӯстона дар тамоми минтақаи Навори Ғазза шудаанд.

Бар асоси гузориш, вазирон таъкид кардаанд, ки обхезиҳои ахир вазъи сокинони фаластинии ин минтақаро боз ҳам душвортар карда ва ба ранҷу азоби онҳо афзудааст.

Изҳороти муштараки ин кишварҳо охирин ҳушдори байналмилалӣ дар бораи вазъи буҳронии башардӯстона дар минтақаи муҳосирашудаи Ғазза ба шумор меравад.

Ин дар ҳолест, ки Исроил аз замони ҳамлаи ҲАМОС ба ин кишвар, ки се сол пеш рух дода буд, Навори Ғаззаро таҳти муҳосираи шадиди заминӣ ва баҳрӣ қарор додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.11.2026 13:48

Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?

Қарор аст раҳбарони Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин ҳафтаи оянда дар шаҳри Шэнҷени Чин мулоқот кунанд. Ин нишаст, ки метавонад ба яке аз рӯйдодҳои муҳимми дипломатии солҳои охир табдил ёбад, дар ҳоле баргузор мешавад, ки се кишвар дар мавриди масъалаҳои калидии байналмилалӣ мавқеъҳои гуногун доранд.
16.11.2026 13:40

Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид

Имрӯз, 16-уми ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо намояндагони Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумии Санта-Фе вохӯрӣ намуд.
16.11.2026 13:37

Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад

Вазирони корҳои хориҷии Австралия, Канада, Британияи Кабир ва Италия дар як изҳороти муштарак аз Исроил даъват карданд, ки барои ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза иҷозат диҳад.
16.11.2026 10:13

Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад

Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки агар Иттиҳоди Аврупо барои расидан ба созиши сулҳ дар масъалаи Украина омодагӣ надошта бошад, Русия метавонад барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз неруи низомӣ истифода кунад.
14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.