Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Айзенкот: “Бо будани Нетаняҳу баргузории интихоботи озод имкон надорад”
Зеленский: “55 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардем”
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Ҳусайн Зулфиқорӣ, дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Эрон гуфт, ки кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Ҳусайн Зулфиқорӣ рӯзи 15-уми ноябр дар ҷараёни мулоқот бо Сайид Яъраб бини Қаҳтон, сафири Уммон дар Теҳрон дар ин хусус иттилоъ дод.
Тибқи гуфтаи ӯ, бо вуҷуди манъ шудани кишти маводи мухаддир аз сӯи Толибон раванди кишти он дубора афзоиш ёфтааст. Ӯ кишту қочоқи маводи мухаддирро яке аз мушкилоти имрӯзи ҷаҳон арзёбӣ намуда, афзуд, ки таҳдид вобаста ба он ҳатто метавонад аз ҷангҳо бештар бошад.
Ҳусайн Зулфиқорӣ ҳамчунин, ба гузориши ахири Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят ишора намуда, афзоиши кишти маводи мухаддир дар Афғонистонро тасдиқ намуд.
Бар асоси гузориши нашршудаи СММ кишти кукнор дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 330 фоиз ва истеҳсоли афюн 400 фоиз афзоиш ёфтааст.
Мақоми Эрон дар ҳоле дар ин хусус суҳбат мекунад, ки масъулони гурӯҳи террористии Толибон соли 2022 кишт, истеҳсол ва тиҷорати маводи мухаддир дар Афғонистонро манъ карда буданд. Бо вуҷуди ин, назорати иҷрои ин мамнуият ва вазъи воқеии кишти кукнор дар кишвар ҳамоно мавриди таваҷҷуҳи ниҳодҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст