13 Ноябр 2026,
ҷумъа, 09:44, Душанбе
13.11.2026 08:19

Баррасии масъалаҳои гуногун дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

12-уми ноябр дар Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, ки дар рафти гуфтугӯ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил баррасӣ карданд.

Ба навиштаи манбаъ, дар мулоқот мубодилаи афкор оид ба таъмини амният ва субот дар минтақа сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки алоқамандии ҳар ду ҷониб ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуногунҷанба сохтани сохтори гардиши молу маҳсулот тасдиқ карда шуд.

“Ҷонибҳо зарфиятҳои фаровони чунин ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва коммуналӣ таъкид намуданд. Имкониятҳои нави рушди ҳамкорӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ таъкид гардид. Дар бахшҳои гуманитарӣ ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд”, - навиштааст манбаъ.

Таъкид мегардад, ки сарони давлатҳо ҳамчунин ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

13.11.2026 09:24

Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт

Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз муовини худ Ҷей Ди Вэнс хост, ба ҷои музокира бо Эрон бо ҷинояткорӣ ва фасод дар иёлатҳои таҳти идораи демократҳо машғул шавад.
12.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард

Мақомоти Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти кишвари Кувайт имкониятҳои васеи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин, рушди робита дар соҳаҳои кишоварӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
12.11.2026 15:22

Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи таъсиси хатсайри мустақими ҳавоиро миёни ду кишвар баррасӣ доранд. Дар сурати ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” (Somon Air) метавонад аз ҷониби Тоҷикистон ва “Юнайтед Эйрлайн” (United Airlines) аз ҷониби Амрико интиқоли мусофиронро ба уҳда гиранд. Ҳамзамон, Душанбе барои густариши парвозҳо ба кишварҳои Аврупо ва Осиё низ талош дорад.
12.11.2026 15:20

Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод

Мақомоти Федератсияи Русия дар изҳори назари тозаи худ гуфтаанд, ки агар музокироти Эрону Амрико ба натиҷа нарасад, эҳтимоли оғоз шудани даргирии низомии дубора вуҷуд дорад. Русия мегӯяд, эҳтимоли оғоз шудани дубораи ҷангро мушоҳида мекунад.
12.11.2026 15:11

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд

Рӯзи 11-уми ноябр мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои тақвияти ҳамкорӣ ва мубориза бо коррупсия ёддошти тафоҳум измо намуданд. Ҳадаф аз имзои санади нав ҳамоҳансозии фаъолияти ниҳодҳои масъул, табодули иттилоот дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасоди фаромиллӣ мебошад.
12.11.2026 15:01

Тиҷорати Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар 5 сол 4 баробар афзудааст

Тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар давоми панҷ соли охир чор маротиба зиёд шуда ва ҳаҷми умумии он дар соли 2025 ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Сармоягузории кишварҳои Халиҷи Форс дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба 31,1 миллиард доллар баробар шудааст.
12.11.2026 14:03

Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳи январи соли 2021 қабл аз тарки Кохи Сафед ба ҷойнишини худ Ҷо Байден номае гузошт, ки муҳтавои он аз назари ҷомеа пинҳон монда буд ва ҳоло ошкор мешавад.
12.11.2026 12:14

СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони

Кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2026 барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин кишвар силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва таҷҳизоти ҳифзи сарҳад ирсол кунанд. Ин ҳадаф дар доираи барномаи панҷсолаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон амалӣ мешавад.