Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мусобиқаи «King’s Cup 2026». Мунтахабҳои Тоҷикистону Уммон рақобат мекунанд
Чопон барои сохмони мактабу беморхона ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт кард
Беморхонаи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд
Вазорати мудофиа: “Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд”
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид.
Манбаъ навиштааст, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра иҷро намуданд. Ҳамчунин шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз аввалинҳо шуда, нақшаи муқаррагардидаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро иҷро карданд.
Ҳамин тавр, ба ҳолати 15-уми ноябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар кишвар пурра иҷро гардид.
“Иҷроиши саривақтии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ ва садоқати онҳоро ба Ватан нишон медиҳад”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати мудофиа.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Айзенкот: “Бо будани Нетаняҳу баргузории интихоботи озод имкон надорад”
Вазорати мудофиа: “Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд”
Зеленский: “55 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардем”