Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард
Тоҷикистон аз аъзои СААД барои ҳифзи марзи Афғонистон кумаки бештар талаб кард
Баррасии масъалаҳои гуногун дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Тоҷикистон аз аъзои СААД барои ҳифзи марзи Афғонистон кумаки бештар талаб кард
Тоҷикистон мехоҳад кишварҳои аъзои СААД (Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ) дар таъмини амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон масъулияти бештарро бар уҳда гиранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бунёди дидбонгоҳҳои нав ва навсозии инфрасохтори сарҳадӣ кофӣ нест ва барои ин ҳимояти муштараки муттаҳидон зарур мебошад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии СААД Насрулло Маҳмудзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният рӯзи 10-уми ноябр дар конфронс бахшида ба 20-солагии Ассамблеяи парлумонии СААД дар Маскав ин масъаларо матраҳ кард.
Насрулло Маҳмудзода вазъи Афғонистонро яке аз омилҳои муҳимми таъсиррасон ба амнияти Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда, ҳифзи сарҳади ҷанубии Тоҷикистонро масъалаи муҳим барои тамоми кишварҳои узви созмон донист.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр сарҳад дорад.
Дар ин конфронс Насрулло Маҳмудзода иттилоъ дод, ки дар ду-се соли охир дар минтақаҳои сарҳадӣ беш аз 80 дидбонгоҳи нав бунёд гардидааст. Ин иншоот бо таҷҳизоти муосир ва инфрасохтори зарурӣ таъмин шудаанд, аммо ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо бе иштироки шарикони минтақавӣ наметавонанд тамоми мушкилоти ҳифзи сарҳадро ҳал кунанд.
“Талошҳои танҳо Тоҷикистон барои таъмини боэътимоди ҳифзи сарҳад кофӣ нестанд”, - гуфт Насрулло Маҳмудзода.
Ӯ аз кишварҳои узви СААД даъват кардааст, ки уҳдадориҳои худро дар доираи Барномаи байнидавлатии мақсаднок оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар муҳлатҳои муайяншуда иҷро намоянд.
Барномаи зикршуда рӯзи 28-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона тасдиқ шуда буд. Он ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои узв барои беҳтар кардани имкониятҳои ҳифзи сарҳади Тоҷикистон равона шудааст.
Дар конфронс Насрулло Маҳмудзода ба ҳамоҳансозии қонунгузории милллии кишварҳои узви СААД ишора намуда, гуфт, идомаи ин раванд дар доираи барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии созмон барои солҳои 2026–2030 аҳамияти муҳим дорад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки раёсати Тоҷикистон дар СААД дар соли 2027 ба идомаи ҳамкориҳои муштарак ва таҳкими эътимод миёни кишварҳои узв мусоидат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад