Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дар Душанбе бинои нави сафорати Узбекистон кушода шуд
19 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар аввал сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон Ва Шавкат Мирзиёев лентаи рамзиро бурида, бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистонро дар шаҳри Душанбе расман ба истифода доданд.
Сипас ба ифтихори ифтитоҳи бинои Сафорат ва ташрифи сарони давлатҳо сурудҳои Миллии Тоҷикистону Узбекистон садо доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи Сафоратхона дидан намуда, дар китоби меҳмонони баландпоя бо изҳори орзуву ниятҳои нек ҷиҳати амиқ гардонидани муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамбастагии ду кишвар имзо гузоштанд. Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор карда шуданд. Дар Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон ва дар Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Манбаъ: avesta.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
