Иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии Лигаи миллатҳо маълум шуданд
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Имрӯз бархе роҳҳо баста мешаванд
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
21.11.2026 08:29
Иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии Лигаи миллатҳо маълум шуданд
Дар натиҷаи қуръакашӣ иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии мусобиқаи Лигаи миллатҳо маълум шуданд.
Ҳамин тавр дар даври ¼ ниҳоии Лигаи миллатҳо мунтахабҳои Испания – Фаронса, Норвегия – Англия, Нидерландия – Португалия ва Белгия – Германия рақобат хоҳанд кард.
Дар даври нимниҳоии мусобиқаи мазкур ғолиби ҷуфти Нидерландия – Португалия бо беҳтарини Испания – Фаронса ва ғолиби Белгия – Германия бо беҳтарини Норвегия – Англия рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои аввали даври ¼ ниҳоии Лигаи миллатҳо аз 25-ум то 27-уми марти соли 2027 ва бозиҳои ҷавобӣ бошанд, аз 28-ум то 30-юми март баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқаи Лигаи миллатҳо мунтахаби Португалия аст, ки тими миллии Испанияро дар зарбаҳои 11-метра шикаст дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
21.11.2026 09:32
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Дениз Люти Кришан баргузор гардид.
21.11.2026 09:31
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ғалаба оғоз кард
Дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии Игор Суров ҳамсолони худ аз Кубаро шикаст дод.
21.11.2026 08:29
Иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии Лигаи миллатҳо маълум шуданд
Дар натиҷаи қуръакашӣ иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии мусобиқаи Лигаи миллатҳо маълум шуданд.
20.11.2026 17:43
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.
20.11.2026 17:36
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, ки ин кишвар бидуни таъмин намудани саломатӣ ва амнияти кӯдакон ва фароҳам намудани имкони таҳсили озод барои духтарону писарон наметавонад ба рушд ва шукуфоӣ расад.
20.11.2026 17:30
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар хусуси таъсиси платформаи рақамии минтақавӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавриди истифода дар истеҳсолот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳадафи платформа мусоидат ба рушди саноати аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳамоҳангсозии сиёсати ҳифзи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ аст.
20.11.2026 17:24
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ҳамоҳангсозии меъёрҳои назорати сифати ҳаво ва арзёбии мизони зарраҳои майдаи ифлоскунандаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кардаанд. Ин масъала дар мулоқоти роҳбарони хадамоти миллии обуҳавошиносии ду кишвар дар ҳошияи Конфронси 31-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) матраҳ шудааст
20.11.2026 15:35
Си Ҷинпин: Чину Русия ва Амрико дар бораи сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳи муштарак доранд
Роҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин рӯзи 19-уми ноябр баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви “OPEC” ва нишасти сеҷониба гуфт, ки сарони Чину Русия ва Амрико дар мавриди сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳои муштарак доранд.
20.11.2026 15:30
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 ба 136,6 миллиард сомонӣ (муодили тақрибан 14,5 миллиард долар) расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.
20.11.2026 15:25
Аз амнияти минтақа то масъалаи муҳоҷират. Сарони Тоҷикистону Русия мулоқот намуданд
Имрӯз 20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд.
20.11.2026 15:23
Дастури Сардори Хадамоти алоқа: "Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, камбудиҳоро бартараф созед
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазъи кор, сифати хизматрасониҳо ва нақшаҳои рушди ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» шинос шуд.
20.11.2026 12:04
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.