20 Ноябр 2026,
ҷумъа, 12:27, Душанбе
20.11.2026 09:01

Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?

Тоҷикистони имрӯзӣ, ки тақрибан як аср қабл онро кишвари коммунистӣ мешинохтанд, бар асоси идеологияи коммунистӣ ё ба истилоҳи рӯшанфикрони “нав ба исломрасида”-и тоҷик “кишвари атеистӣ” ба ҳайси як давлату миллат дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд.

Шӯравӣ бар асоси идеологияи коммунистӣ бунёдҳои ҷомеаи онвақтаи тоҷикро поярезӣ кард ва шахсиятҳои фарҳангиву сиёсӣ, ки ҳоло чун қаҳрамон ва намодҳои мондагори миллат шинохта мешаванд, дар ин муҳит тарбияву ба комол расида, нақши сутуданӣ дар таърихи муосири сиёсии Тоҷикистон гузоштанд.

Яке аз корҳои муҳимми онвақтаи ин чеҳраҳои мондагор шикастани табуи сохтаи идеологияи динӣ дар ҷомеа буд. Онҳо бо сиёсату фарҳанг ба масофи ҷомеи динзадаву хурофотӣ мерафтанд ва бо ҳимояту сарпарастии русҳо бар зидди чунин падидаҳо мубориза мебурданд. Бисёре аз ин равандҳо, як раванди табиӣ буд, ки ҳоло бар назари бисёр таърихнигорон чун “фишор ё султаи истилогарон” бар ҷомеаи онвақта арзёбӣ мешавад.

Ин пиндори барғалат, ки дар илми таърих онро ниҳилизми таърихӣ меноманд, имрӯз дар шинохти таърихи начандон дури мо, нақши асосӣ касб мекунад. Гурӯҳе бо “тафсирҳои мавҳумӣ” ва “ривоятҳои ворунаи таърихӣ” мехоҳанд гузаштаи садсолаи тоҷик дар аҳди Шӯравиро чун “шикамбаи нодаркор” аз танаи ин миллат бибуранд. Бо ҳамин ҳадаф дар осору пайкори парчамдорони идеологияи коммунизм, аносири динӣ меҷӯянд ва бо даҳони пур аз “обу нос” иддао мекунанд, ки чунин чизе дар он замон имкон дошт.

Ин ривоятҳои дурӯғин, ки ҳадафаш замина фароҳам намудан ба идеологияи исломии ифротӣ дар Тоҷикистон аст, аз сӯи якчейкаҳои хомӯши ҳамин гурӯҳҳо ривоят ва расонаӣ мешавад.

Дар давроне, ки эрониён дар муҳити шадидан давлати исломӣ ба намодҳои гузаштаи таърихӣ чун Куруши Кабиру Спитамен паноҳ мебаранду онро дар расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ таблиғ мекунанд, гурӯҳе аз рӯшанфикрони мо ба равиоятҳои бисёр аҳмақонае чун “фалон чеҳраи таърихӣ намоз мехонд”, “фалонаш намоз намехонд” рӯ меоваранд ва фикр мекунанд, ки бо чунин тафсири ҳолномаи чеҳраҳои мондагор андешаи миллиро ба вуҷуд меоваранд.

Кор ба ҷое расидааст, ки адабиётшиноси машҳур тамоми фикру зикраш ин аст, ки устод Айнӣ дар замони Шӯравӣ “намоз мехонд” ва “бедин” набуд. Дар давроне, ки ҳазорон масоили муҳимми адабиётшиносӣ вуҷуд дорад ва бояд дар ин синну сол бо ҳосили таҷрибаҳояш дар пайи ҳалли он бошад, ба чунин мавзуъҳои сатҳӣ ва “барои идеологияи миллии мо” бегона рӯ меоваранд.  Бо чунин тафаккур имрӯз Толибон намодҳои фарҳанги форсиро дар Афғонистон бармечинанд. Китобҳоро аз рӯи ҳамин тафаккур, ки ин мусалмон аст ё на, муаллифаш диндор аст ё бедин аз дӯконҳои китобфурӯшиҳо бар медоранд.

Тайи 20 соли гузашта амрикоиҳо тамоми имконотро барои афғонҳо муҳайё намуда буданд, то ҷомеаи худро аз чунин тафаккури идеологӣ озод кунанд. Афғонҳо чунин кореро бар хилофи “шаъни миллиашон” медонистанд. Онҳо ин равандҳои хатарзо барои насли башариятро решаёбӣ накардаанд. Майдонро ба касоне вогузор карданд, ки масъалаашон “баҳогузорӣ ба шахсият” аз рӯи идеологияи динӣ буд. Пас аз бист сол онҳо ба саҳнаҳои даҳшатнок рӯ ба рӯ шуданд. Толибон омаданд телевизионҳоро шикатанд, навохтани асбобҳои мусиқиро ҳаром эълон карданд ва хондани китобҳои ба қавли онҳо олимони бединро мамнуъ намуданд. Афғонҳо имрӯз аз ғалат ва иштибоҳи худ пушаймонанд ва  аз ин ки саҳнаро ба ифротиёни динӣ бохтанд, таассуф мехӯранд. Барои “наҷот аз ин буҳрон” онҳо боз бо шиорҳои ҳуқуқи башару демократия ба амрикоиҳо паноҳ мебаранд.

Ин ҳодисаҳои талхи таърихиро барои он ривоят кардам, ки дарси сабақомӯз барои мо бошад. Дар андешаи ҳар яки мо бояд ин сухан бичархад, ки андешаи миллии мо чист ва мо бар асоси чӣ идеологияе метавонем зиндагии саодатмандона дошта бошем.

Нависандае дар авҷи разолату ҳамоқат, ки дар домани гурӯҳҳои ифротӣ суқут карда буд, меояд шароб нӯшидану нос кашидану сигор кашидан ё дар тарабхона бо духтарҳо нишастану кофе нӯшиданро манъ мекунад. Касе, ки дар мактаби Шӯравӣ хондаву аз “ҳисоби он” шиками фарзандонашро сер кардааст, ҳоло бо дарди музмини нестангорӣ ба инкори ҳувияти шӯравии тоҷикон мепардозад ва ҳатто дар суҳбате мегӯяд, ки “нақши пои ҳамаро” бояд дар ин замин шуст, то замини мо ифлос нашавад. Чунин тафаккури яҷонибагароӣ танҳо моли гурӯҳҳоест, ки дар сар андешаҳои шумеро мепарваронанд, то ҷомеаи модерн ва дур аз ифротгароии тоҷикро ба сӯи худ моил кунанд.

Онҳо ҳадафи хондани таърих, тафсири таърих, сохтани андеши миллиро фаромӯш кардаанд ва дар расонаҳо доиман чунин масоилро доман мезананд. Масоиле, ки рӯи чеҳраҳои мондагори миллат соя меафканад. Чеҳраҳое, ки дар замони Шӯравӣ баҳсашон ҳаққу ҳуқуқи миллати тоҷик буд. Онҳо бо тамаркуз ба идеологияи марксистӣ аз даҳони душманони миллат як порча хокеро гирифтанд ва барои мо давлат сохтанд. Давлате, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳон ташаббусҳояш амал мешаванд. Кишваре, ки бо намодҳои фарҳангияш, чун Рӯдакӣ, Сино, Куруши Кабир, Борбад, Абумуслими Хуросонӣ, устод Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва ғайра андешаҳои миллияш дар ташаккуланду унсурҳои давлатдорӣ шакл гирифтаанд.

Чунин раванди идеологияи миллиро, ки бар асоси гузаштаи пурифтихори мо шакл гирифта буд, олимоне бунёд гузоштаанд, ки имрӯз аз саҳнаи расонаҳо дур шудаанд ва аз гуфтани андешаи худ метарсанд, то “ҷавонони ифротӣ” ба сӯи онҳо “санг” наандозанд. Бархе аз андешамандон, ба вижа таърихнигорону адабиётишиносони популист дар ҷиҳати шакл додани як ҳувияти идеологии тамоман бегона барои ҷомеа мо, чунин андешаҳоро матраҳ менамоянд. Онҳо фикр намекунанд, ки андешаи миллӣ бар асоси таърихе шакл мегирад, ки аз ибтидо то ба имрӯз бар зидди ғосибон мубориза кардааст. Ғосибони ҳувияти асили мо онҳоеанд, ки ченаки арзёбии ҳунару осорашон масъалаи “намозхон будан ё набудани” онҳо аст. Чунин тамоюли идеологӣ моро ба нокуҷообод хоҳад бурд, зеро дар замоне, ки равандаҳои сиёсии нав дар ҳоли шаклгирӣ аст, рӯ овардан ба чунин андешаҳои хонабарандоз пояҳои андешаи миллии моро заиф хоҳад кард.

Як нукта бисёр бебаҳс аст, ки яке аз ҳадафҳои умдаи чеҳраҳои мондагори зикршуда мубориза бо хурофот ва таассуби динӣ буд. Ин чеҳраҳо, дар замони Шӯравӣ бо тамоми тавон кӯшиш менамуданд, ки ривоятҳои таърихии зиддиғосибонро зинда кунанд ва онро чун намоди фарҳангӣ дар шаклгирии ҳувияти миллии мо ба кор баранд. Он вақт, онҳо тавонистанд раванди бисёр созгор ба ояндаи миллии моро раҳбарӣ кунанд. Барои аз миён бурдани тафаккури динзадагӣ дар ҷомеа онҳо мактабу маориф сохтанд, китобҳое навиштанд, ки дар тарбияи насли он рӯз ва ҳоло низ нақши калидӣ доранд.

Дар тафакккури онҳо ченаки баҳогузорӣ масъалаи диндону бедин будани чеҳраҳо набуд. Ченак ва маҳаки асосии шинохти онон хизмат ба ватан, зинда намудани номи тоҷик ва бунёди кишваре буд, ки дар он ҳама гурӯҳҳои ақидативу сиёсӣ ва миллӣ озодона зиндагӣ кунанд. Адабиёти мо низ бар ҳамин асос шакл гирифта буд. Романи “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода як баргаи инкорнопазире буд ва ин нависанда бо навиштани чунин роман ба насле аз тоҷикон тафҳим мекард, ки идеологияи миллӣ, бахусус, ҳувияти миллии тоҷикӣ бояд бар асоси кадом тафаккур шакл гирад.

Бисёре аз миллатҳо динро аз сиёсатгузорӣ ва идеологияи миллии худ ҳазф кардаанд. Онҳо ба ҷойи эҷоди чунин гуфтумонҳои нозарурӣ дар пайи ниҳодина кардани тафаккури илмӣ дар мудирияти идеологияи миллӣ ва давлатодории миллии худ мебошанд. Сохторҳои сиёсӣ, ниҳодҳои илмӣ ва равандҳои сиёсиву давлатдории ин кишварҳо бар асоси тафаккури илмӣ шакл мегирад, на тафаккури динӣ. Бо ин далел, ченаки шинохти таърих ва чеҳраҳои мондагори гузаштаи мо бояд тафаккури илмӣ бошад, на таффакури хурофотиву динӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

20.11.2026 12:04

Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд

Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.
20.11.2026 09:04

Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид

Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026» баргузор гардид.
20.11.2026 09:01

Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?

Тоҷикистони имрӯзӣ, ки тақрибан як аср қабл онро кишвари коммунистӣ мешинохтанд, бар асоси идеологияи коммунистӣ ё ба истилоҳи рӯшанфикрони “нав ба исломрасида”-и тоҷик “кишвари атеистӣ” ба ҳайси як давлату миллат дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд.
19.11.2026 17:28

Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Русия дар аввалин нишасти сеҷонибаи “таърихии” худ дар шаҳри Шенҷени Чин масъалаҳои вобаста ба ҷанги Украина, назорати силоҳи атомӣ, амнияти байналмилалӣ ва таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо захираҳои энергетикиро баррасӣ карданд.
19.11.2026 15:05

Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард

Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳад барои барқарор намудани чарогоҳҳои харобшуда ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ барномаҳои муштарак таҳия кунад. Дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба водии Фарғона ва минтақаҳои кӯҳии атрофи он равона хоҳад шуд.
19.11.2026 15:00

Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон як сокини маҳаллӣ бо гумони ташкил намудани таълими ғайриқонунии динӣ барои 12 нафар боздошт шудааст. Ҳафт нафари ин кӯдакон аз кишвари Тоҷикистон будаанд. Ин сокини маҳаллӣ барои таълим аз ҳар як кӯдак 100 доллар маблағ мегирифтааст.
19.11.2026 14:54

Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд

Қазоқистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои муқобила бо хатарҳои амниятии вобаста ба Афғонистон муттаҳидона чораандешӣ кунанд.
19.11.2026 13:19

СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд

Гурӯҳҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон ба таҷҳизоти муосири тактикӣ, аз ҷумла паҳбодҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора Александр Зуев, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм хабар додааст.