Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Дастури Сардори Хадамоти алоқа: "Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, камбудиҳоро бартараф созед
Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Дар 9 моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 36 ҳазору 400 шаҳрванди Қазоқистон сафар кардаанд. Ин кишвар аз рӯи шумори шаҳрвандони воришуда ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми чорумро касб кардааст.
Агентии омори Тоҷикистон хабар дод, ки дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ дар маҷмуъ 1 миллиону 730 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13, 6 фоиз бештар аст.
Аз шумори умумии воридшудагон 1 миллиону 550 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ сабт шудаанд. Бар асоси иттилооти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ шумори онҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадаанд. Шумори онҳо ба 842 ҳазору 500 нафар ё 48 фоизи ҳамаи меҳмонони хориҷӣ баробар шудааст.
Русия бо 513 ҳазору 100 нафар (29, 7 фоиз) дар мақоми дуюм ва Қирғизистон бо 150 ҳазору 400 нафар (8, 8 фоиз) дар ҷойи севум қарор доранд. Ҳиссаи шаҳрвандони Қазоқистон 2,1 фоизи шумори умумии меҳмонони хориҷиро ташкил додааст.
Дар маҷмуъ ба ҳисоби миёна кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 90 фоизи ҳамаи шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омадаро ташкил медиҳанд.
Дар миёни кишварҳои берун аз ИДМ Чин бо 49 ҳазору 600 нафар дар мақоми аввал қарор дорад. Пас аз он Афғонистон бо 19 ҳазору 700, ИМА бо 12 ҳазору 800, Олмон бо 8 ҳазору 400 ва Эрон бо 8 ҳазору 300 нафар ҷой гирифтаанд.
Тибқи маълумоти нашршуда, ҳоло дар Тоҷикистон 192 ширкати сайёҳӣ ва 225 меҳмонхона фаъолият мекунанд. Аз шумораи меҳмонхонаҳо 9-тоаш панҷситора ва 31-тоаш чорситора мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад
Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”
Русия: 275 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар як шаб сарнагун кардем