19 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 21:40, Душанбе
19.11.2026 17:28

Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Русия дар аввалин нишасти сеҷонибаи “таърихии” худ дар шаҳри Шенҷени Чин масъалаҳои вобаста ба ҷанги Украина, назорати силоҳи атомӣ, амнияти байналмилалӣ ва таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо захираҳои энергетикиро баррасӣ карданд.

Доналд Трамп, Си Ҷинпин ва Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дар қароргоҳи Килин Вилла гирди мази муддавар нишастанд. Ин аввалин мулоқоти муштараки роҳбарони Амрико, Чин ва Русия дар чунин сатҳ ба шумор меравад.

Доналд Трамп дар оғози нишаст афзуд, ки ин мулоқот метавонад дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ саҳифаи нав боз кунад. Тибқи гуфтаи ӯ, ҳалли ихтилофҳо бидуни гуфтугӯ ва ҳамкории мустақим имконпазир аст.

Владимир Путин гуфт, ки се кишвар дар ҳалли  низоъҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷанги Украина манфиатҳои муштарак доранд. Ӯ афзуд, ки Маскав, Вашингтон ва Пекин барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ масъулияти муштарак доранд.

Дар навбати худ Си Ҷинпин аз зарур будани ҳамоҳангии қудратҳои бузург барои таъмини суботи ҷаҳонӣ сухан гуфт. Ӯ ҳушдор дод, ки ихтилоф миёни кишварҳои бонуфуз метавонад ба бесуботӣ дар арсаи байналмилалӣ оварда расонад.

Баҳси Укрина ва назорати силоҳҳои атомӣ

Яке аз мавзуъҳои асосии нишаст ҷанги Русия бар зидди Украина ва роҳҳои коҳиш додани хатари истифодаи силоҳи атомӣ буд.

Доналд Трамп қабл аз мулоқот эълон намуда буд, ки масъалаи маҳдуд намудани силоҳҳои атомӣ бояд дар маркази музокироти сеҷониба қарор дошта бошад. Ин масъала пас аз ба поён расидани муҳлати созишномаи “New START” миёни Вашингтон ва Маскав дар моҳи феврали соли 2026 аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Ин созишнома охирин санади асосии маҳдуд сохтани силоҳи атомӣ миёни ду кишвари дорои бузургтарин захираҳои чунин силоҳ буд. Вашингтон мехоҳад дар оянда Чин низ ба низоми нави назорати силоҳи атомӣ ҳамроҳ шавад. Вале Пекин то ҳоло аз ширкат дар музокироти маҳдудсозии силоҳҳои атомӣ бо далели хеле камтар будани захираҳои худ дар муқоиса бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия худдорӣ кардааст.

Си Ҷинпин дар ҷараёни нишаст аз зарурати манъи силоҳи атомӣ ва аз миён бурдани он ҳимоят намуда, таъсиси ҷаҳони бидуни силоҳи атомиро ҳадафи ниҳоӣ номидааст. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон интизор надоранд, ки як мулоқот метавонад ихтилофҳои амиқи се кишварро дар ин масъала бартараф намояд.

Дар мавриди Украина низ нишаст бидуни ширкати намояндагони Киев доир шуд. Ин ҳолат нигарониҳоро дар хусуси эҳтимоли баррасии ояндаи ҷанг миёни қудратҳои бузург бе ширкати мустақими ҷониби Украина ва шарикони аврупоии он бештар намудааст.

Тибқи гузориши “Ассошиэйтед Пресс” намояндагони Русия ва расонаҳои давлатии Чин баъд аз мулоқот аз мувофиқаи се кишвар дар хусуси ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид, афзоиши таъминоти энергетикӣ ва идомаи гуфтугӯҳо барои коҳиш додани хатарҳои атомӣ хабар доданд. Вале дар ин баёнияҳо ба ҷангҳои Украина ва Эрон ишора нашудааст.

Эрон ва амнияти энергетикӣ дар меҳвари музокирот

Масъалаи амнияти энергетикӣ низ аз мавзуъҳои муҳимми гуфтугӯҳо будааст. Ҷанги Эрон ва халалдор шудани ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз ба интиқоли нафт аз Ховари Миёна таъсири манфӣ расонда, нигарониҳоро дар бозорҳои ҷаҳонии энергетика афзоиш додааст.

Доналд Трамп қабл аз нишасти сеҷониба дар мулоқоти алоҳида бо Си Ҷинпин гуфта буд, ки ҳар ду кишвар ба идомаи интиқоли озоди нафт ба воситаи гузаргоҳи Ҳурмуз манфиатдор мебошанд.

Владимир Путин низ таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикиро аз масъалаҳои муҳим номид, ки бояд дар гуфтугӯҳои сеҷониба баррасӣ шаванд. Бо вуҷуди ин, роҳбари Чин дар изҳорот оғози нишаст мустақиман ба ҷанги Эрон ишора намуд.

Рақобати қудратҳо ва паёми сиёсии онҳо

Мулоқоти сеҷониба дар ҳоле доир гашт, ки муносибатҳои Вашингтон бо Пекин ва Маскав ҳамзамон бо чанд ихтилофи ҷиддӣ рӯбарӯ шудаанд. Рақобат дар соҳаи технологияҳои пешрафта, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, ҷанги Украина ва сиёсати ҳар се кишвар дар Ховари Миёна аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки ба муносибатҳои онҳо таъсир мегузоранд.

Дар ҳошияи нишасти “OPEC” Трамп аввал бо Путин ва сипас бо Си Ҷинпин мулоқотҳои алоҳида анҷом дод. Гуфтугӯи ӯ бо роҳбари Русия тақрибан 40 дақиқа идома кард.

Си Ҷипнин низ бо истиқболи шахсии Трамп дар майдони ҳавоӣ таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб намуд. Ин иқдом аз назари расмияти дипломатии Чин ғайриодӣ арзёбӣ мешавад. Ду роҳбар дар назди ҳавопаймои президенти Амрико бо ҳам мулоқот намуда, баъдан дар маросими истиқбол даст дода, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд.

Доналд Трамп ин истиқболро нишони мусбати хубии шахсии худ бо роҳбари Чин арёбӣ намуд, вале таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки муносибатҳои наздики шахсӣ ҳатман ба ҳилли ихтилофҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар оварда намерасонанд.

Ҳамзамон, масъалаи Тайван яке аз мавзуъҳои ҳассоси муносибатҳои Вашингтон ва Пекин боқӣ мемонад. Тибқи гузориши “Синхуа” Си Ҷинпин дар мулоқот бо Трамп зарурати муносибати дурусти Амрикоро ба масъалаи Тайван таъкид намудааст.

Дар ҳамин ҳол Президенти Чин ва роҳбари Русияи дар ҷараёни нишасти “OPEC” аз тиҷорати озод ва зурурати муқовимат бо маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ҳимоят намудаанд. Ин мавқеъ дар ҳоле баён мешавад, ки кишварҳои ғарбӣ аз сиёсати саноатӣ ва тавозуни тиҷоратии Чин интиқод мекунанд.

Бо вуҷуди фазои намоишии нишаст ва таъкиди роҳбарон ба аҳамияти таърихии он коршиносон нисбат ба натиҷаҳои амалӣ эҳтиёткор мебошанд. Тибқи гуфтаи онҳо чунин мулоқот метавонад заминаи оғози музокироти тӯлонӣ дар масъалаҳои амниятӣ ва атомӣ гардад, вале  барои ҳалли низоъҳои мавҷуд як нишаст кофӣ нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.11.2026 17:28

Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Русия дар аввалин нишасти сеҷонибаи “таърихии” худ дар шаҳри Шенҷени Чин масъалаҳои вобаста ба ҷанги Украина, назорати силоҳи атомӣ, амнияти байналмилалӣ ва таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо захираҳои энергетикиро баррасӣ карданд.
19.11.2026 15:05

Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард

Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳад барои барқарор намудани чарогоҳҳои харобшуда ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ барномаҳои муштарак таҳия кунад. Дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба водии Фарғона ва минтақаҳои кӯҳии атрофи он равона хоҳад шуд.
19.11.2026 15:00

Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон як сокини маҳаллӣ бо гумони ташкил намудани таълими ғайриқонунии динӣ барои 12 нафар боздошт шудааст. Ҳафт нафари ин кӯдакон аз кишвари Тоҷикистон будаанд. Ин сокини маҳаллӣ барои таълим аз ҳар як кӯдак 100 доллар маблағ мегирифтааст.
19.11.2026 14:54

Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд

Қазоқистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои муқобила бо хатарҳои амниятии вобаста ба Афғонистон муттаҳидона чораандешӣ кунанд.
19.11.2026 13:19

СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд

Гурӯҳҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон ба таҷҳизоти муосири тактикӣ, аз ҷумла паҳбодҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора Александр Зуев, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм хабар додааст.
19.11.2026 13:11

Трамп: “Амрико барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия Ва Чин ниёз надорад”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар остонаи нишасти сеҷониба гуфт, ки кишвараш барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия ниёз надорад ва мақсади дарёфти кумак аз Маскаву Пекинро ҳам надорад.
19.11.2026 13:03

Дар баданаш пинҳон карда буд. Мусодираи зиёда аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаҳрванд Юлдашева Рафоат Ҳусаиновна, соли таваллудаш 27-уми сентябри соли 1976, сокини шаҳри Душанбе, бо гумони интиқоли ғайриқонунии маснуоти тиллоӣ аз хориҷи кишвар боздошт карда шуд.
19.11.2026 13:02

Вазорати саноат барои бошандагони мактаб-интернати Ҳисор зиёфат дод

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти мамлакат дар Мактаб-интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор барои 270 нафар зиёфати идона ташкил карда шуд.
19.11.2026 10:37

Намояндаи Путин: Аврупо ба сӯи фурӯпошӣ ва бесарусомонӣ меравад

Намояндаи хоси Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар умури сармоягузорӣ ва иқтисод Кирилл Дмитриев гуфт, афзоиши буҳрони муҳоҷиратӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ метавонад Аврупоро ба хатари фурӯпошӣ ва бесарусмонии иқтисодиву иҷтимоӣ рӯбарӯ кунад.
19.11.2026 10:30

Русия ба озмоишгоҳи мактабҳои Тоҷикистон таҷҳизоти рақамӣ медиҳад

Федератсияи Русия барои мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Муғулистон 42 маҷмуи озмоишгоҳҳои рақамиро дар соҳаҳои физика, биология, химия ва информатика мефиристад. Ин таҷҳизот барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.
19.11.2026 10:23

Қазоқистон аккаунтҳои кӯдакони то 16 - соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад

Ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки истифодаи аккаунтҳои шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони синнашон то 16 -сола манъ кунад. Бар асоси ин пешниҳод, аккаунтҳое, ки ба ин талабот посухгӯ нестанд, аз ҷумла онҳое ки қаблан сохта шудаанд, баста мешаванд.