“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд
“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд
Айзенкот: “Нетаняҳу ҳатто як дақиқаи дигар набояд дар мақоми сарвазир боқӣ монад”
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон як сокини маҳаллӣ бо гумони ташкил намудани таълими ғайриқонунии динӣ барои 12 нафар боздошт шудааст. Ҳафт нафари ин кӯдакон аз кишвари Тоҷикистон будаанд. Ин сокини маҳаллӣ барои таълим аз ҳар як кӯдак 100 доллар маблағ мегирифтааст.
Вазорати корҳои дохилии Ӯзекистон рӯзи 18-уми ноябр дар ин бора хабар дода, иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Янги-Намангон дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ таълими ғайриқонунии кӯдакон ошкор гардид. Нафари гумонбар ба додани таълимоти ғайриқонунии динӣ, соли таваллудаш 1988 дар манзили шахсии худ маркази ғайриқонунии динӣ ташкил намуда, ба ноболиғон дарс медодааст.
Мақомоти таштишотӣ гуфтаанд, ки дар маҳалли таълими ғайриқонунии динӣ талаботҳои санитариву беҳдоштӣ риоя намешудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса тибқи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон, ки вайрон кардани тартиби таълими динро пешбинӣ мекунад, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Мақомоти интизомии Ӯзбекитсон гуфтаанд, ки нисбат ба ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ин ҳодиса дар ҳоле ошкор мешавад, ки моҳи августи соли ҷорӣ низ дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон як зани 39-сола бо иттиҳоми ташкил намудани таълими ғайриқонунии динӣ барои беш аз 40 духтар дар манзили худ ошкор шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд