21 Ноябр 2026,
шанбе, 15:41, Душанбе
21.11.2026 14:10

Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”

Раҳул Гандӣ, раҳбари мухолифони Ҳиндустон ва рақиби Нарендра Модӣ барои мақоми нахуствазирӣ, зимни сафар ба ИМА аз равобити кишвараш бо Исроил ҳимоят карда, гуфт, ки аз миёнаравии Покистон дар музокироти Амрико ва Эрон “шок” шудааст.

Хабаргузориҳо гузориш медиҳанд, ки Раҳул Гандӣ дар суҳбат бо Роберт Пайп, устоди равобити байналмилалии Донишгоҳи Чикаго, чунин ибрози назар намудааст: “Ман аз равобити қавӣ бо Исроил ҳимоят мекунам. Мо манфиатҳои стратегӣ дорем”.

Ин суханони раҳбари мухолифони Ҳиндустон дар ҳолест, ки модари ӯ Сония Гандӣ, раҳбари Ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон, рӯзи 6-уми июли соли ҷорӣ аз вазъи Ғазза интиқод карда ва ҳимоятҳои ҳукумати Нарендра Модӣ аз Исроилро маҳкум карда буд.

Раҳул Гандӣ он замон дар ҳимоят аз мавқеи модараш гуфта буд, ки Ҳиндустон бояд сиёсати хориҷии мустақили худро эҳё кунад, аз арзишҳои башардӯстона ҳимоят намояд ва дар масъалаи Ғазза бо мавқеи равшани ахлоқӣ сухан гӯяд.

Аммо ӯ ҳоло дар ҷараёни сафараш ба ИМА ба Донишгоҳи Чикаго рафта, дар посух ба суоли Роберт Пайп аз равобити Ҳиндустон бо Исроил ҳимоят кардааст.

Гандӣ гуфт: “Ман аз равобити қавӣ бо Исроил ҳимоят мекунам. Мо манфиатҳои стратегӣ дорем, аз ҷумла харидории беҳтарин силоҳ барои неруҳои мусаллаҳамон. Аммо ин набояд ба маънои хомӯшӣ дар баробари вазъи Ғазза бошад”.

Ӯ ҳамчунин, афзуд: “Ман ҳамлаҳои 7-уми октябр ва куштори мардуми бегуноҳро маҳкум мекунам. Ҳамчунин, амалҳои Исроил дар Ғаззаро маҳкум мекунам. Як иштибоҳ наметавонад иштибоҳи дигарро сафед кунад”.

Рақиби Нарендра Модӣ таъкид кард, ки Ҳиндустон бо 1,5 миллиард аҳолӣ набояд иҷоза диҳад, ки кишварҳое чун Исроил, Амрико, Русия ё Чин садди роҳи иҷрои нақши он дар арсаи ҷаҳонӣ шаванд.

Ӯ дар бахши дигари суҳбат аз мавқеи ҳукумати Модӣ дар робита ба ҷанги Амрико бо Эрон интиқод карда, аз канор мондани Ҳиндустон аз раванди миёнаравӣ дар музокироти миёни ду кишвар изҳори норозигӣ намуд.

Гандӣ гуфт: “Ман бисёр ҳайратзадаам, ки Покистон бо Эрон ва Амрико музокира мекунад, дар ҳоле ки Ҳиндустон танҳо тамошобин аст. Ҳиндустон аз замони ба даст овардани истиқлол ҳамеша дарки амиқ ва мураккабе аз вазъи геополитикӣ доштааст. Мо дидгоҳи мустақили худро доштем ва сиёсати хориҷиамон бар асоси манфиатҳои Ҳиндустон роҳандозӣ мешуд”.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти бузургии Ҳиндустон, таърих ва равобити ин кишвар, он бояд дар гуфтугӯҳои ҷаҳонӣ иштирок дошта бошад. Аммо ба таъкиди Гандӣ, Ҳиндустон ба бозигари канорӣ табдил ёфта, аз саҳна дур мондааст.

Раҳбари мухолифони Ҳиндустон дар бораи паёмадҳои ҷанг бо Эрон барои кишвараш гуфт, ки мардум дар Ҳиндустон қаблан низ бо мушкилот рӯбарӯ буданд ва ҷанг бо Эрон ин вазъро бадтар кардааст.

Ӯ таъкид намуд, ки Ҳиндустон наметавонад дар дохили кишвар нишаста, нисбат ба рӯйдодҳои дигар нуқтаҳои ҷаҳон бетафовут бошад.

Раҳул Гандӣ дар бахши дигари суҳбат хостори тағйири сохтори амниятии ҷаҳон шуд ва бар зарурати нақши фаъолу қатъии Ҳиндустон дар ташаккули он таъкид кард.

Ба гуфтаи ӯ, сохтори амниятии пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонро кишварҳои Ғарб бунёд кардаанд, аммо низоми ҷаҳонии оянда бояд бо иштироки тамаддунҳои гуногун шакл гирад.

“Кишваре бо аҳолии 1,5 миллиард нафар бояд дар ташаккули ин низом нақш дошта бошад”, - гуфт Раҳул Гандӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.11.2026 14:33

Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ

Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
21.11.2026 14:10

Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”

Раҳул Гандӣ, раҳбари мухолифони Ҳиндустон ва рақиби Нарендра Модӣ барои мақоми нахуствазирӣ, зимни сафар ба ИМА аз равобити кишвараш бо Исроил ҳимоят карда, гуфт, ки аз миёнаравии Покистон дар музокироти Амрико ва Эрон “шок” шудааст.
21.11.2026 13:46

Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд

Дар 9 моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 36 ҳазору 400 шаҳрванди Қазоқистон сафар кардаанд. Ин кишвар аз рӯи шумори шаҳрвандони воришуда ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми чорумро касб кардааст.
21.11.2026 11:26

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои минтақавиро баррасӣ кардааст.
21.11.2026 11:17

Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз афзоиш ёфта, ба тақрибан 1 миллиарду 280 миллион доллар расидааст. Бо ин нишондиҳанда Қазоқистон дар миёни се шарики асосии тиҷорати Тоҷикистон қарор дорад.
20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.