21 Ноябр 2026,
шанбе, 11:58, Душанбе
21.11.2026 11:26

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои минтақавиро баррасӣ кардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи марз ба Путин маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди нигоҳ доштани сатҳи муайяни субот дар минтақа, ҳодисаҳои амниятӣ рух медиҳанд ва фаъолияти қочоқбарон идома дорад.

Дмитрий Песков ҳамчунин, ба фаъолияти гурӯҳҳое ишора кардааст, ки тавассути марз маводи мухаддир интиқол медиҳанд. Ӯ зарурати ҳамкории мақомоти марзбонӣ ва хадамоти махсуси Русияву Тоҷикистонро барои муқовимат бо ин таҳдидҳо таъкид кардааст.

Дафтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки дар дидори ду роҳбар масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шудаанд.

Владимир Путин пеш аз сафар ба Душанбе гуфта буд, ки вазъи Афғонистон ва фаъолияти Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои асосии музокирот хоҳанд буд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, ҳайати ҳукумати ин кишвар бо роҳбарии муовини сарвазир Алексей Оверчук чанде пеш ба Афғонистон сафар карда, масъалаҳои ҳамкориҳои эҳтимолиро баррасӣ намудааст. Путин изҳор дошта буд, ки мехоҳад Эмомалӣ Раҳмонро аз натиҷаҳои ин сафар ва дурнамои ҳамкорӣ бо Афғонистон огоҳ кунад.

Мулоқоти Душанбе дуюмин дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар моҳи ноябр буд. Роҳбари Тоҷикистон чанде пеш барои иштирок дар нишасти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба Маскав рафта, дар он ҷо низ бо раиси ҷумҳури Русия мулоқот карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.11.2026 11:26

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои минтақавиро баррасӣ кардааст.
21.11.2026 11:17

Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз афзоиш ёфта, ба тақрибан 1 миллиарду 280 миллион доллар расидааст. Бо ин нишондиҳанда Қазоқистон дар миёни се шарики асосии тиҷорати Тоҷикистон қарор дорад.
20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.
20.11.2026 17:36

Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, ки ин кишвар бидуни таъмин намудани саломатӣ ва амнияти кӯдакон ва фароҳам намудани имкони таҳсили озод барои духтарону писарон наметавонад ба рушд ва шукуфоӣ расад.
20.11.2026 17:30

4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар хусуси таъсиси платформаи рақамии минтақавӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавриди истифода дар истеҳсолот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳадафи платформа мусоидат ба рушди саноати аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳамоҳангсозии сиёсати ҳифзи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ аст.
20.11.2026 17:24

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ҳамоҳангсозии меъёрҳои назорати сифати ҳаво ва арзёбии мизони зарраҳои майдаи ифлоскунандаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кардаанд. Ин масъала дар мулоқоти роҳбарони хадамоти миллии обуҳавошиносии ду кишвар дар ҳошияи Конфронси 31-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) матраҳ шудааст
20.11.2026 15:35

Си Ҷинпин: Чину Русия ва Амрико дар бораи сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳи муштарак доранд

Роҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин рӯзи 19-уми ноябр баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви “OPEC” ва нишасти сеҷониба гуфт, ки сарони Чину Русия ва Амрико дар мавриди сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳои муштарак доранд.
20.11.2026 15:30

Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст

Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 ба 136,6 миллиард сомонӣ (муодили тақрибан 14,5 миллиард долар) расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.