21 Ноябр 2026,
шанбе, 10:14, Душанбе
21.11.2026 09:31

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ғалаба оғоз кард

Дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии Игор Суров ҳамсолони худ аз Кубаро шикаст дод.

Бозии мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Куба дар майдони №4-и маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 5:3 ба нафъи футболбозони тоҷик ба анҷом расид.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Асадбек Махтумов (ду гол), Парвиз Бобоназаров, Комилҷон Шарипов ва Биҳиштӣ Раҷабзода ба ҳадаф расониданд.

Бояд гуфт, ки нимҳимоятгари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Комилҷон Шарипов, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026 голи аввалини дастаи моро ба самар расонд, беҳтарин бозигари дидор эътироф гардид.

Гуфта мешавад, ки 23-юми ноябр дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими наврасони Хорватия рақобат мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.
20.11.2026 17:36

Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, ки ин кишвар бидуни таъмин намудани саломатӣ ва амнияти кӯдакон ва фароҳам намудани имкони таҳсили озод барои духтарону писарон наметавонад ба рушд ва шукуфоӣ расад.
20.11.2026 17:30

4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар хусуси таъсиси платформаи рақамии минтақавӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавриди истифода дар истеҳсолот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳадафи платформа мусоидат ба рушди саноати аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳамоҳангсозии сиёсати ҳифзи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ аст.
20.11.2026 17:24

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ҳамоҳангсозии меъёрҳои назорати сифати ҳаво ва арзёбии мизони зарраҳои майдаи ифлоскунандаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кардаанд. Ин масъала дар мулоқоти роҳбарони хадамоти миллии обуҳавошиносии ду кишвар дар ҳошияи Конфронси 31-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) матраҳ шудааст
20.11.2026 15:35

Си Ҷинпин: Чину Русия ва Амрико дар бораи сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳи муштарак доранд

Роҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин рӯзи 19-уми ноябр баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви “OPEC” ва нишасти сеҷониба гуфт, ки сарони Чину Русия ва Амрико дар мавриди сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳои муштарак доранд.
20.11.2026 15:30

Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст

Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 ба 136,6 миллиард сомонӣ (муодили тақрибан 14,5 миллиард долар) расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.
20.11.2026 15:23

Дастури Сардори Хадамоти алоқа: "Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, камбудиҳоро бартараф созед

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазъи кор, сифати хизматрасониҳо ва нақшаҳои рушди ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» шинос шуд.
20.11.2026 12:04

Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд

Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.