Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Дастури Сардори Хадамоти алоқа: "Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, камбудиҳоро бартараф созед
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд: сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст
Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои расонаҳо Тоҷикистон дар раддабандии қаблии соли 2024 миёни 119 кишвар ва иқтисоди ҷаҳон мақоми 99-умро ишғол карда буд. Дар раддабандии нави соли 2026, ки 110 кишварро фаро мегирад, номи Тоҷикистон оварда нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми 56-ум, Ӯзбекистон мақоми 76-ум ва Қирғизистон мақоми 93-умро гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишваре нест, ки аз рӯйхати нави ин шохис берун мондааст. Барбадос, Венесуэла, Эрон, Камбоҷа, Лубнон, Молдова, Черногория ва Тринидад ва Тобаго низ, ки дар раддабандии соли 2024 ҳузур доштанд, дар феҳристи соли 2026 ворид нашудаанд.
Шохиси рушди сайёҳӣ 102 нишондиҳандаро дар бар мегирад. Дар он муҳити соҳибкорӣ, амният, вазъи роҳу нақлиёт, инфрасохтори сайёҳӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамӣ ва имкониятҳои табиӣ ва фарҳангии кишварҳо арзёбӣ мешаванд. Ин раддабандӣ мустақиман шумораи сайёҳон ё даромади кишвар аз соҳаи сайёҳиро чен намекунад.
Бо вуҷуди ин омори сайёҳӣ дар Тоҷикистон тамоюлҳои мусбатро нишон медиҳад. Дар шаш моҳи нахусти соли 2026 ба кишвар тақрибан 890 ҳазор сайёҳи хориҷӣ сафар кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли 2026 Фонди рушди сайёҳиро таъсис дод. Қарор аст маблағи он аз ҳисоби пардохтҳои сайёҳӣ ва боҷ аз бастаҳои сафарҳои хориҷӣ ҷамъоварӣ шуда, барои навсозии инфрасохтор ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ истифода шавад.
Бо вуҷуди афзоиши шумораи меҳмонони хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ нархи баланди чиптаҳои ҳавопаймо ва рушди нокифояи инфрасохторро берун аз шаҳрҳои калон аз монеаҳои асосии ҷалби сайёҳони байналмилалӣ медонанд.
Мақомоти Тоҷикистон интизор доранд, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ дар соли 2026 аз 2 миллион нафар бештар мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд