СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд
Трамп: “Амрико барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия Ва Чин ниёз надорад”
Намояндаи Путин: Аврупо ба сӯи фурӯпошӣ ва бесарусомонӣ меравад
Қазоқистон аккаунтҳои кӯдакони то 16 - соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд
Гурӯҳҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон ба таҷҳизоти муосири тактикӣ, аз ҷумла паҳбодҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора Александр Зуев, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм хабар додааст.
Александр Зуев дар суҳбат бо хабаргузории “ТАСС”-и Русия гуфт, ки дар Афғонистон гурӯҳҳое ба мисли “Ал-Қоида”, Шохаи хуросонии “ДОИШ” фаъолият доранд. Шохаи хуросонии “Давлати исломӣ” ба мақомоти Толибон дар Кобул фишори назаррас ворид намуда, талош мекунад, ки ҳам дар дохили Афғонистон ва ҳам хориҷ аз он амалиёт анҷом диҳад.
Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ин гурӯҳҳо эҳтимолан имкониятҳои худро барои анҷом додани амалиётҳои нав барқарор мекунанд. Ӯ бо ишора ба маълумоти бархе кишваҳои узви СММ гуфт, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба таҷҳизоти муосири тактикӣ, аз ҷумла паҳподҳо дасрастӣ доранд.
Александр Зуев гуфт, паҳн шудани чунин таҷҳизот дар миёни гурӯҳҳои террористӣ мушкилоти алоҳида аст ва ин масъала баррасии муштараки кишварҳоро тақозо менамояд.
Ӯ ба фаъолияти гурӯҳи террористии “Таҳрики Толибони Покистон” дар Афғонистон ишора намуда, афзуд, ки ин созмон бо “Ал-Қоида” робитаҳои наздик дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои террористии “ТТП” асосан бар зидди Покистон сурат мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд