СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд
Трамп: “Амрико барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия Ва Чин ниёз надорад”
Намояндаи Путин: Аврупо ба сӯи фурӯпошӣ ва бесарусомонӣ меравад
Қазоқистон аккаунтҳои кӯдакони то 16 - соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Намояндаи Путин: Аврупо ба сӯи фурӯпошӣ ва бесарусомонӣ меравад
Намояндаи хоси Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар умури сармоягузорӣ ва иқтисод Кирилл Дмитриев гуфт, афзоиши буҳрони муҳоҷиратӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ метавонад Аврупоро ба хатари фурӯпошӣ ва бесарусмонии иқтисодиву иҷтимоӣ рӯбарӯ кунад.
Кирилл Дмитриев дар суҳбат бо барномаи телевизионии “Вести” рӯзи 18-уми ноябр гуфт, Аврупо барои раҳо шудан аз буҳронҳои амиқи дохилӣ бояд имконияти барқарор намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русияро баррасӣ намояд. Дар ғайри ин сурат, ин минтақа метавонад ба фурӯпошии комил ва бесарумонӣ дучор шавад.
Ӯ вазъияти имрӯзии Аврупоро бо мушкилоти муҳоҷиратӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавсиф намуда, ба афзоиши эътирозҳову нооромиҳо дар баъзе кишварҳои ин минтақа ишора кардааст.
Кирилл Дмитриев афзуд, мақомоти ғарбӣ бояд барои боз доштани ин раванд чора андешанд ва роҳҳои барқарор кардани муносибатҳо бо Маскавро баррасӣ кунанд. Ӯ эҳёи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла хариди захираҳои энергетикии Русияро яке аз имконоти барқарор намудани иқтисоди Аврупо номидааст. Ӯ таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ аз мушкилоти муҳоҷиратӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Аврупо огоҳ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, Аврупо барои ҳифзи мавқеи худ дар низоми ҷаҳонӣ имконияти маҳдуд дорад ва ҳоло бояд маълум шавад, ки роҳбарони ин минтақа аз фурсати боқимонда чӣ гуна истифода мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд