Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Муаррифии “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” дар Миср
Китоби “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” дар Миср муаррифӣ гардид.
Тавре ки сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар медиҳад, китоби мазкур бо қалами ду донишманди мисрӣ Рифъат Ҳусейн ва Вало Одил тааллуқ дошта, бо ҳамкории сафорат моҳи августи имсол дар Қоҳира ба нашр расид.
Ба навиштаи манбаъ, мушовири сафорат А. Камолзода зимни рӯнамоии китоб аҳамияти ин китобро барои огоҳии мисриён ва умуман арабзабонҳо аз таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, урфу одат, давлатдории тоҷикон, нақшгузорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва дастовардҳои замони Истиқлол муҳим арзёбӣ кард.
"Муаллифи китоби “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” доктор Рифъат Ҳусейн, ки мутахассиси барҷастаи забону адабиёти форсӣ аст, ҳадафи таълифи китоб ва мазмуну муҳтавои ҳар боби онро шарҳ дода, ҳамзамон Тоҷикистонро як кишвари зебову дар ҳоли тараққӣ ва миллати тоҷикро миллати дорои таъриху фарҳанги ғанӣ барои ҳозирин муаррифӣ намуд", - зикр мегардад дар иттилоияи сафорат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина
Муаррифии “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” дар Миср
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст