Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Русия ба озмоишгоҳи мактабҳои Тоҷикистон таҷҳизоти рақамӣ медиҳад
Федератсияи Русия барои мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Муғулистон 42 маҷмуи озмоишгоҳҳои рақамиро дар соҳаҳои физика, биология, химия ва информатика мефиристад. Ин таҷҳизот барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.
Интиқоли таҷҳизоти озмоишгоҳҳои рақамӣ барои мактабҳои Тоҷикистонро Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маорифи Русия дар доираи лоиҳаи “Омӯзгори рус дар хориҷ” омода намудааст. Лоиҳаи зикршуда 35 кишварро фаро мегирад.
Иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ Дмитрий Мерешкин гуфтааст, ки таҷҳизоти нав имкониятҳои омӯзгоронро барои таълими фанҳои табиатшиносӣ васеъ мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, барои истифодаи самараноки ин таҷҳизот заминаи зарурӣ қаблан фароҳам шудааст. Аз ҷумла, тобистони соли 2026 омӯзгорони синфҳои муҳандисӣ дар курсҳои бозомӯзӣ иштирок карда, тарзи кор бо маҷмуаҳои рақамиро омӯхтаанд.
Ин иқдом дар ҳоле амалӣ мешавад, ки Русия ҳамкориҳои таълимиро бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар доираи барномаи “Омӯзгори рус дар хориҷ” густариш медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд