СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд
Трамп: “Амрико барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия Ва Чин ниёз надорад”
Намояндаи Путин: Аврупо ба сӯи фурӯпошӣ ва бесарусомонӣ меравад
Қазоқистон аккаунтҳои кӯдакони то 16 - соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
Қазоқистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои муқобила бо хатарҳои амниятии вобаста ба Афғонистон муттаҳидона чораандешӣ кунанд.
Рӯзи 18-уми ноябр ин масъала дар нишасти сеюми амният ва мудофиа дар шаҳри Брюссел матраҳ шуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ гуфт, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ва ифротӣ, қочоқи маводи мухаддир ва нашри ақидаҳои ифротгароёна омилҳои таҳдидкунанда ба амният ва суботи Осиёи Марказӣ мебошанд.
Ӯ гуфт, муқобилият бо ин таҳдидҳо бояд бо ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ сурат гирад.
Мухтор Тлеубердӣ аз зарурати “ҳамкории амалгароёна” бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон ёд намуда, афзуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ҷонибдори густариши кумакҳои башардӯстона ва робитаҳои иқтисодӣ бо ин кишвар мебошад.
Ӯ таъкид намуд, ки маориф, тандурустӣ, рушди роҳҳои нақлиётӣ ва густариши иқтидори ниҳодҳои давлатӣ дар Афғонистон аз самтҳои муҳимми дастгирии субот ва рушди дарозмуддати ин кишвар аст.
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон пешниҳод намуд, ки барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ аз маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки дар шаҳри Алмато ҷойгир мебошад, бештар истифода шавад. Ӯ ҳамчунин, ба зарурарти густариши барномаҳои таълимӣ барои занони афғон бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор таъкид намудааст.
Мухтор Тлеубердӣ гуфт, ки таъмини амнияти пойдор фақат бо чораҳои низомӣ ва амниятӣ имконпазир нест. Ба ин раванд бояд ҳамкории сиёсӣ, кумаки башардӯстона ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ низ мусоидат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд