СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд
Трамп: “Амрико барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия Ва Чин ниёз надорад”
Намояндаи Путин: Аврупо ба сӯи фурӯпошӣ ва бесарусомонӣ меравад
Қазоқистон аккаунтҳои кӯдакони то 16 - соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Трамп: “Амрико барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия Ва Чин ниёз надорад”
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар остонаи нишасти сеҷониба гуфт, ки кишвараш барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия ниёз надорад ва мақсади дарёфти кумак аз Маскаву Пекинро ҳам надорад.
Доналд Трамп рӯзи 19-уми ноябр дар суҳбат бо телевизиони “Фокс Нюз” ва дар посух ба суоли ширкати Чин ва Русия дар ҳаллу фасли ҷанги Эрон гуфт: “Мо ба ҳеч кумаке ниёз надорем ва қасд надорем барои дархости кумак ба суроғи онҳо биравем”.
Доналд Трамп ҳамчунин, гуфт, ки Русия ва Чин дар давраи даргирӣ бо Эрон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибати хуб додаанд. Ӯ гуфт, ин кишварҳо ба сӯи неруҳои амрикоӣ тир накушодаанд ва барои ширкат дар ҷанг низ киштӣ нафиристодаанд.
Ин ҳарфҳои Доналд Трамп дар ҳоле садо медиҳад, муҳлати чор ва шаш ҳафтаинае, ки ӯ қаблан барои анҷом додани амалиёт бар зидди Эрон пешбинӣ карда буд, ба моҳи ҳаштум расидааст.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суҳбати худ иддао кард, ки Вашингтон назорати комил бар тангаи Ҳурмузро дар даст дорад. Ӯ гуфт, ҳафтаи гузашта интиқоли молу коло ва содироти нафт ба воситаи ин масир дар сатҳи баланд қарор дошт.
Доналд Трамп ҳамчунин, ба масъалаи рақобати технологӣ бо Чин ибрози назар намуда, гуфт, ки ИМА ҳоло иҷозат намедиҳад, ки Пекин ба навъҳои пешрафтаи микрочипҳо дастрасӣ пайдо кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд