19 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:08, Душанбе
19.11.2026 10:23

Қазоқистон аккаунтҳои кӯдакони то 16 - соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад

Ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки истифодаи аккаунтҳои шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони синнашон то 16 -сола манъ кунад. Бар асоси ин пешниҳод, аккаунтҳое, ки ба ин талабот посухгӯ нестанд, аз ҷумла онҳое ки қаблан сохта шудаанд, баста мешаванд.

Арман Қириқбоев, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон ин масъаларо дар ҷараёни суҳбат бо журналистон дар маҷлиси парлумон шарҳ додааст.

Ӯ гуфтааст, корбароне ки аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ аккаунт доранд, низ бояд аз санҷиши шахсият бар асоси қоидаи нав гузаранд. Барои мутобиқ шудан ба ин талабот муҳлати муайян ҷудо карда мешавад.

Вазир гуфтааст, ки мақомот мехоҳанд тартиби гузариш ба низоми навро тадриҷан амалӣ кунанд. Механизми иҷрои талабот ва муҳлати он ҳанӯз бояд дар гурӯҳи корӣ баррасӣ шавад.

Арман Қириқбоев дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи баста шудани аккаунтҳои мавҷудаи кӯдакони то 16-сола тасдиқ кардааст, ки чунин чора татбиқ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, тибқи шарҳи вазир корбарон наметавонанд, барои давр задани маҳдудият, аккаунтҳои худро ба номи шахсони дигар гузаронанд. Мақомоти Қазоқистон то ҳол ҷузъиёти пурраи тартиби санҷиши шахсият ва муҳлати иҷрои онро эълон накардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.11.2026 15:05

Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард

Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳад барои барқарор намудани чарогоҳҳои харобшуда ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ барномаҳои муштарак таҳия кунад. Дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба водии Фарғона ва минтақаҳои кӯҳии атрофи он равона хоҳад шуд.
19.11.2026 15:00

Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон як сокини маҳаллӣ бо гумони ташкил намудани таълими ғайриқонунии динӣ барои 12 нафар боздошт шудааст. Ҳафт нафари ин кӯдакон аз кишвари Тоҷикистон будаанд. Ин сокини маҳаллӣ барои таълим аз ҳар як кӯдак 100 доллар маблағ мегирифтааст.
19.11.2026 14:54

Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд

Қазоқистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои муқобила бо хатарҳои амниятии вобаста ба Афғонистон муттаҳидона чораандешӣ кунанд.
19.11.2026 13:19

СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд

Гурӯҳҳои террористии фаъол дар хоки Афғонистон ба таҷҳизоти муосири тактикӣ, аз ҷумла паҳбодҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора Александр Зуев, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм хабар додааст.
19.11.2026 13:11

Трамп: “Амрико барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия Ва Чин ниёз надорад”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар остонаи нишасти сеҷониба гуфт, ки кишвараш барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия ниёз надорад ва мақсади дарёфти кумак аз Маскаву Пекинро ҳам надорад.
19.11.2026 13:03

Дар баданаш пинҳон карда буд. Мусодираи зиёда аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаҳрванд Юлдашева Рафоат Ҳусаиновна, соли таваллудаш 27-уми сентябри соли 1976, сокини шаҳри Душанбе, бо гумони интиқоли ғайриқонунии маснуоти тиллоӣ аз хориҷи кишвар боздошт карда шуд.
19.11.2026 13:02

Вазорати саноат барои бошандагони мактаб-интернати Ҳисор зиёфат дод

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти мамлакат дар Мактаб-интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор барои 270 нафар зиёфати идона ташкил карда шуд.
19.11.2026 10:37

Намояндаи Путин: Аврупо ба сӯи фурӯпошӣ ва бесарусомонӣ меравад

Намояндаи хоси Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар умури сармоягузорӣ ва иқтисод Кирилл Дмитриев гуфт, афзоиши буҳрони муҳоҷиратӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ метавонад Аврупоро ба хатари фурӯпошӣ ва бесарусмонии иқтисодиву иҷтимоӣ рӯбарӯ кунад.
19.11.2026 10:30

Русия ба озмоишгоҳи мактабҳои Тоҷикистон таҷҳизоти рақамӣ медиҳад

Федератсияи Русия барои мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Муғулистон 42 маҷмуи озмоишгоҳҳои рақамиро дар соҳаҳои физика, биология, химия ва информатика мефиристад. Ин таҷҳизот барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.
19.11.2026 10:23

Қазоқистон аккаунтҳои кӯдакони то 16 - соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад

Ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки истифодаи аккаунтҳои шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони синнашон то 16 -сола манъ кунад. Бар асоси ин пешниҳод, аккаунтҳое, ки ба ин талабот посухгӯ нестанд, аз ҷумла онҳое ки қаблан сохта шудаанд, баста мешаванд.
19.11.2026 10:17

Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ

Аз 18-ум то 20-уми ноябр дар маҷмааи намоишгоҳии «Атакент»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии китоб баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии вазорат иштирок дорад.