Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар Вазорати фарҳанг лоиҳаи рушди таҳсилоти бадеӣ ва фарҳангии кӯдакону наврасон муҳокима шуд
Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Аз 18-ум то 20-уми ноябр дар маҷмааи намоишгоҳии «Атакент»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии китоб баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии вазорат иштирок дорад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг Иброҳим Аҳмад суханронӣ намуда, оид ба сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаи табъу нашр ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти китобдорӣ ибрози назар кард.
Манбаъ навиштааст, ки дар гӯшаи Тоҷикистон бахши вижаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардидааст, ки мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён ва меҳмонони намоишгоҳ қарор гирифтааст.
“Иштироки Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ қадами муҳим дар самти муаррифии дастовардҳои нашриётӣ, тарғиби мероси адабию фарҳангии миллӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо ба шумор меравад”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд