“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт
Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
Мушкили техникӣ дар низоми парвози ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабаби мушкил дар фаъолияти фурудгоҳҳо ва лағви парвози садҳо хатсайр шудааст. Ин мушкил сабаб шудааст, ки парвози шумори зиёди хатсайрҳо ба таъхир гузошта шавад. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки то ҳол далели ҳамлаи киберӣ ё дахолати барқасдона ба низоми парвози ҳавопаймоҳо пайдо нашудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои амрикоӣ, пас аз қатъ шудани алоқа дар низоми назорати ҳаракати ҳавоӣ Идораи федералии ҳавопаймоии ИМА (FAA) дастури боз доштани парвози ҳавомаймоҳоро дар саросари ин кишвар содир кард.
Маркуэйн Маллин, вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки таҳқиқотҳои нахустин ҳамлаи барқасдона ба инфрасохтори ҳавопаймоиро нишон надодааст. Ӯ афзуд, ҳодисаи зикршуда набояд бо ҳамлаҳои террористии 11 –уми сентябри соли 2001 муқоиса карда шавад.
“Ин ҳодиса монанди ҳодисаи 11-уми сентябр нест” – таъкид кард Вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Дар пайи ин ҳодиса Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Fox News” гуфт, ки эҳтимоли ҳамлаи киберӣ ё истифода аз ҳуши маснуӣ дар ин ҳодиса хеле кам аст.
Тибқи иттилоъ, бар асари ин мушкилот беш аз 3 ҳазору 300 парвоз лағв ва тақрибан 10 ҳазор парвози дигар бо таъхир рӯ ба рӯ шудааст. Дар баъзе фурудгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳдудияти парвоз идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт
Мусобиқаи «King’s Cup 2026». Мунтахабҳои Тоҷикистону Уммон рақобат мекунанд
Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”
Чопон барои сохмони мактабу беморхона ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт кард