14 Ноябр 2026,
шанбе, 08:52, Душанбе
14.11.2026 08:16

Чопон барои сохмони мактабу беморхона ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт кард

Тавре ки Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар медиҳад, Ҳукумати Ҷопон барои татбиқи ду лоиҳа дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт дод.

Манбаъ навиштааст, ки созишномаҳо оид ба пешниҳоди кумаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопонро сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурута Кэйко бо Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба имзо расониданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки лоиҳаҳои мазкур дар доираи Барномаи кумаки бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) маблағгузорӣ гардида, маблағи умумии онҳо 302 227 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Ба навиштаи манбаъ, лоиҳаи сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38 дар деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ бо 144 638 доллар ва лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхона дар ҷамоати Савноби ноҳияи Рӯшон бо 157 589 доллар амалӣ карда мешаванд.

Зикр мегардад, ки сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаи Дарнайчӣ барои фароҳам овардани шароити муосир ва бехатарии таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, сохтмони бинои нави беморхона дар ҷамоати Савноб ба беҳтар кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо барои сокинони маҳалҳои дурдаст мусоидат хоҳад намуд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.
13.11.2026 14:01

Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд

13-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зари Душанберо ифтитоҳ намуданд.
13.11.2026 14:00

Тоҷикистон аз аъзои СААД барои ҳифзи марзи Афғонистон кумаки бештар талаб кард

Тоҷикистон мехоҳад кишварҳои аъзои СААД (Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ) дар таъмини амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон масъулияти бештарро бар уҳда гиранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бунёди дидбонгоҳҳои нав ва навсозии инфрасохтори сарҳадӣ кофӣ нест ва барои ин ҳимояти муштараки муттаҳидон зарур мебошад.
13.11.2026 11:58

“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид

“Раванди сабз” ба раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ эълон кард, ки неруҳои ин гурӯҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби вилояти Панҷшерро оташ задаанд. Аммо масъулони мактаб гуфтаанд, ки сӯхтор дар ин мактаб ба фаъолияти неруҳои Амруллоҳ Солеҳ рабт надошта, бар асари такиши балони газ рӯй додааст.
13.11.2026 11:51

Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон вазъияти Эронро зери назар дорад ва барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба ин кишвар омода аст. Ӯ гуфт, дигар ИМА ба созиш бо Эрон ниёз надорад.