Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод
СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз муовини худ Ҷей Ди Вэнс хост, ба ҷои музокира бо Эрон бо ҷинояткорӣ ва фасод дар иёлатҳои таҳти идораи демократҳо машғул шавад.
Дар ин бора рӯзномаи “Политко” хабар дода, навишт, ки Доналд Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокироти Эрон дар канор гузоштааст. Доналд Трамп ин тасмимро дар ҳоле мегирад, ки бархе ҷумҳурихоҳон ҷанг бар зидди Эронро яке аз омилҳои шикат дар интихоботи миёндавраии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико медонанд.
Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навишт, ки Вашингтон дигар ба созиш бо Теҳрон ниёз надорад. Ӯ иддао кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амико доироиҳо ва имкониятҳои молиявии Эронро дар даст дорад ва тангаи Ҳурмузро низ фишанги таъсиргузори худ медонад.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин паёми худ аз Вэнс хост, ки тамоми таваҷҷуҳи худро ба он чӣ ӯ онро “фасоди густурда ва ҷинояткорӣ” дар минтақаҳои таҳти идораи демократҳо меномад, равона кунад. Трамп аз иёлоатҳои Калифорния, Миннесота ва Иллинойс ном бурд.
Ҷей Ди Вэнс баъди эълон шудани натиҷаҳои интихобот дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки яке аз сабабҳои шикаст дар интихобот ҷанг бо Эрон буд. Ӯ суол гузошт, ки оё хароҷоти ҷанг ва аз даст додани аксарияти курсиҳо дар Сенат дар шаш соли оянда арзиши чунин натиҷаро дошт ё на. Дар пайи ин изҳори назари Ҷей Ди Вэнс Доналд Трамп гуфт, ки изҳороти Вэнс ба муносибатҳои онҳо таъсири манфӣ нахоҳад гузошт.
Як мақоми Кохи сафед рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳанӯз дар музокирот бо Эрон аз мавқеи қавӣ бархӯрдор аст. Тибқи гуфтаи ӯ, муҳосираи дарёӣ ва назорати тангаи Ҳурмуз, аз ҷумаи фишангҳои Вашингтон дар муқобили Теҳрон аст. Ин дар ҳолест, ки бархе гузоришҳо аз идомаи мушкилот дар ҳаракати киштиҳо ба воситаи ин гузаргоҳи байналмилалӣ хабар медиҳанд.
Рӯзномаи “Политко” навишт, канор гузоштани Вэнс аз музокироти Эрон дар пасманзари яксилсилаи суханрониҳои ахири Трамп сурат гирифт. Трамп ҳамчунин, Мексикаро ба ҷорӣ кардани боҷҳои нави гумрукӣ таҳдид кард. Ӯ ҳамчунин, хостори таҳти пайгарди қонунӣ қарор додани баъзе қонунгузорони демократ шуд. Трамп бидуни он ки санаде ироа кунад, демократҳоро дар тақаллуб дар интихобот муттаҳам кард.
Тибқи навиштаи ин рӯзнома, мавқеъгириҳои охири Доналд Трамп нишон медиҳанд, ки ӯ ният надорад аз сиёсатҳои қаблии худ ақибнишинӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки масъалаи иқтисодӣ, таъсири ҷанг бар зиндагии мардум ва афзоиши нархи сӯзишворӣ аз ҷумлаи омилҳое арзёбӣ шудаанд, ки ба коҳиши ҳимояти интихобкунандагон аз Ҷумҳурихоҳон мусоидат кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Баррасии масъалаҳои гуногун дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард