Рубио бо нақли таърих ба зидди Эрон ҳарф зад: Ҳахоманишиён ба Юнон ҳамла карданд ва маъбаду иботатгоҳҳоро оташ заданд
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Номзад ба Сенати Амрико: Исроил қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалиро нақз кардааст
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд
Андрюс Кубилюс, комиссари дифои Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки вақти он расидааст, то Аврупо ва Украина якҷо стратегияи мустақили сулҳро таҳия ва иҷро кунанд. Ин изҳорот дар пайи тағйири мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар қиболи Владимир Зеленский, раҳбари Украина, садо додааст.
Ба гузориши расонаҳо, Кубилюс дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки то кунун Иттиҳоди Аврупо ягона ҳомии ҷиддии молии Украина будааст, аммо интизор мерафт, ки Иёлоти Муттаҳида низ дар барқарории сулҳ дар ин кишвар нақши раҳбарӣ дошта бошад.
Ӯ таъкид кардааст, ки акнун Аврупо ва Киев бояд барои расидан ба сулҳ стратегияи муштараки мустақили худро таҳия ва амалӣ кунанд.
Трамп аз Зеленский хост, ки раҳбари нав пайдо кунад
Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки Трамп рӯзи шанбе, дар пайи интиқоди Зеленский аз коҳиши таҳримҳои Вашингтон алайҳи нафти Русия, аз раҳбари Украина хост, ки “раҳбари нав пайдо кунад”.
Тибқи гузориши хабаргузории Фаронса, Трамп Зеленскийро ба монеъ шудан ба тавофуқ бо Маскав ва нодида гирифтани дастурҳо дар бораи ҳамла накардан ба корхонаҳои коркарди нафти Русия муттаҳам кардааст.
Коҳиши таҳримҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки Трамп чанд ҳафта пеш аз интихоботи миёндавраӣ дар ИМА бо фишорҳо дар мавриди болоравии нархи сӯзишворӣ рӯбарӯ аст.
Дар ҳамин ҳол, Киев ва муттаҳидони аврупоии он ҳушдор додаанд, ки коҳиши фишорҳо бар Маскав метавонад ба таъмини молии ҷанге мусоидат кунад, ки Кремл оғоз кардааст.
Олмон ва Британия аз идомаи ҳимоят аз Украина мегӯянд
Дар идомаи ин таҳаввулот, Йоханн Вадефул, вазири корҳои хориҷии Олмон, рӯзи якшанбе эълом кард, ки Берлин ҳамчунон дар канори Украина ва ҳукумати он қарор дорад.
Ҳамзамон, Лондон хабар додааст, ки Энди Бернем, нахуствазири Британия, бо Зеленский гуфтугӯ карда, ба ӯ итминон додааст, ки Британия фишорҳои таҳримиро бар Русия идома хоҳад дод.
Хабаргузории Фаронса ҳамзамон ёдовар шудааст, ки изҳороти Кубилюс метавонад мавқеи шахсии ӯро бозтоб диҳад ва набояд ҳатман ҳамчун сиёсати расмии Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд