13 Октябр 2026,
сешанбе, 13:20, Душанбе
13.10.2026 12:10

“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст

Маҷаллаи амрикоии “Атлантик” навишт, ки нотавонии Доналд Трамп дар поён додани ҷанги Эрон ӯро хашмгин ва дар қабули қарорҳо дучори мушкил намудааст.

Ин маҷалла менависад, ки дар пайи ҷанги Амрико бо Эрон арзиши сӯзишворӣ дар бозори ин кишвар боло рафт ва ин масъала дар даврае, ки дар ин кишвар интихоботи миёндавраӣ баргузор мешавад, ҷумҳурихоҳонро нигарон кардааст.

Ин маҷалла менависад, ки идома ёфтани ҷанг бо Эрон боиси хашми шадиди Доналд Трамп шудааст.

Дар матлаби ин маҷалла зикр шудааст, Трамп, ки одат дошт сарони кишварҳову расонаҳо ба ӯ таваҷҷуҳ намоянд, ҳоло бо вазъияте рӯбарӯ шудааст, ки наметавонад онро ба осонӣ зери назарот гирад.

Ин маҷалла ишора мекунад, ки Эрон ба дархостҳои Трамп гӯш намедиҳад ва таҳдидҳо ба киштиҳои нафткаш дар тангаи Ҳурмуз дубора афзоиш ёфтааст.

Ба навиштаи ин маҷалла, боло рафтани нахри неру ва сӯзишворӣ ҷумҳурихоҳонро нигарон намудааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

13.10.2026 13:03

Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия бо иштироки сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва сардори Департаменти сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлманн баргузор гардид.
13.10.2026 13:02

Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд

12-уми октябр дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанноварии навин» ҷаласа баргузор шуд.
13.10.2026 12:04

Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст

Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки эҳтимолан барқарор шудани пойгоҳҳо ва зерсохторҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.
13.10.2026 11:57

Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон шояд дар мавриди ҳадаф қарор додани роҳбарони Эрон аз ҳад зиёдаравӣ кард ва ҳоло намедонад, ки бо кӣ гуфтугӯ кунад.