13 Октябр 2026,
сешанбе, 10:49, Душанбе
13.10.2026 10:10

Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод

Кореяи Шимолӣ рӯзи душанбе мушаки баллистикии тактикиро озмоиш кард. Дар ин бора ҳукумати кишвар субҳи сешанбе хабар дод.

Хабаргузории марказии Кореяи Шимолӣ (KCNA) дар изҳороте эълон кардааст, ки Идораи кулли мушакии кишвар як мушаки баллистикии тактикиро барои санҷидани натиҷаи такмили техникии яке аз ҷузъҳои муҳимми он партоб кардааст.

Дар изҳорот омадааст, ки ин озмоиш дар доираи фаъолияти мунтазами идораи мазкур ва бо ҳадафи такмили техникии силоҳҳо анҷом дода шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, такмили ҷузъи асосии мушак дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, ин ниҳод пешбинӣ кардааст, ки дар оянда қудрат ва дақиқии ҳамаи низомҳои силоҳи ҳамлавари Кореяи Шимолӣ ба таври назаррас беҳтар карда мешаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.