Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Беш 100 эътирозгар ба зидди Нетаняҳу дар Ню-Йорк боздошт шуданд
Полиси Ню-Йорк беш аз 100 нафар аз эътирозгаронеро, ки ба суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироз доштанд, боздошт кардааст.
Ба гузориши расонаҳои Амрико полиси Ню-Йорк рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ки дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи Нетаняҳу дар маҳаллаи Манхэттени Ню-Йорк беш аз 100 нафар, аз ҷумла чанд чеҳраи маъруф ва мақомдори интихобии маҳаллӣ, боздошт шудаанд.
Дар миёни боздоштшудагон Сюзан Сарандон, ҳунарпешаи амрикоӣ, низ будааст. Ӯ ҳамроҳ бо дигар эътирозгарони ҷонибдори Фаластин хиёбони «First Avenue»-ро дар чорроҳаи кӯчаи 39-уми Шарқӣ баста буданд.
Бар асоси иттилои полис, Чи Оссе ва Аллекса Авилес, ду узви Шурои шаҳри Ню-Йорк, тақрибан соати 1-и баъди нисфирӯзӣ дар маҳалли чорроҳаи кӯчаи 39-уми Шарқӣ ва «First Avenue» боздошт шуданд. Онҳо дар миёни даҳҳо нафаре буданд, ки аз ҷониби полис боздошт шуданд.
Сухангӯи Раёсати полиси Ню-Йорк низ тасдиқ кардааст, ки шумораи боздоштшудагон аз 100 нафар бештар аст.
Ҳамчунин, Дарялиза Авила Шевалие, номзад ба интихоботи Конгресс аз ҳавзаи 13-уми Ню-Йорк, дар миёни боздоштшудагон қарор доштааст.
Шиори асосии эътирозгарон “Фаластинро озод кунед” ва “Бенямин Нетаняҳу, ҷинояткори ҷангиро боздошт кунед” будааст.
Ин эътирозҳо дар ҳоле баргузор шуданд, ки Нетаняҳу барои суханронӣ дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҳузур дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд