Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Макрон: “Бо ИМА барои боз намудани тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ мекунем”
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, гуфт, ки кишвараш бо ИМА барои коҳиши таниш дар бозорҳои энергетикӣ, ҳифзи зерсохторҳои муҳим дар Ховари Миёна ва таъмини гашти озоди киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ хоҳад кард.
Макрон, ки барои ширкат дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк рафтааст, рӯзи сешанбе бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, мулоқот кард.
Макрон баъд аз ин мулоқот дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки ду ҷониб тасмим гирифтаанд барои коҳиши таниш дар бозорҳои энергетикӣ, ҳифзи зерсохторҳои муҳим дар Ховари Миёна ва таъмини гашти озоди киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз якҷо кор кунанд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Фаронса, вазъи Баҳри Сурх низ аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯ бо Трамп будааст. Вай гуфт, ин масъала барои нархи ҷаҳонии энержӣ аҳамияти муҳим дорад.
Макрон ҳамчунин, гуфт, Фаронса ва ИМА талошҳои худро барои боздоштани ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикӣ ва ғайринизомии Украина идома хоҳанд дод.
Раиси ҷумҳури Фаронса таъкид кард, ки аҳолии ғайринизомӣ бояд ҳифз шаванд ва музокироти ҷиддӣ дар бораи шароити сулҳ миёни Русия ва Украина ҳарчи зудтар оғоз гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд